Миллиардери 42-солаи ҷопонӣ Юсаку Маэдзава нахустин сайёҳи кайҳоние хоҳад шуд, ки ба воситаи мушаки ширкати SpaceX ба моҳ парвоз хоҳад кард. Дар ин бора ширкат рӯзи 18-уми сентябр дар "Твиттер" хабар додааст.
Парвоз бо сафинаи Big Falcon Rocket соли 2023 сурат мегирад ва як ҳафта идома мекунад. Мушак ҳудуди 200 километр ба моҳ наздик мешавад ва сипас ба замин бармегардад.
Маэдзава ба ин сафар аз шаш то ҳашт ҳунарманд, аз ҷумла наққош, оҳангсоз, модел ва коргардонро аз саросари ҷаҳон даъват хоҳад кард. Вале номи онҳоро дақиқ намегӯяд. Ширкат маблағеро, ки миллиардери ҷопонӣ ба ин сафар харҷ мекунад, ифшо накардааст.
Сафар ба моҳ то ҳол танҳо ба 24 нафар муяссар шудааст. Баъд аз соли 1972, аз замоне, ки киштии амрикоии "Аполлон-17" дар моҳ нишаст, касе ба онҷо парвоз накардааст.
Ширкати кайҳонии SpaceX аз ифтитоҳи парвозҳои сайёҳӣ ба моҳ феврали соли 2017 хабар дода буд. Қарор буд, нахустин парвоз соли 2018 анҷом шавад, вале он ба таъхир гузошта шуд.