Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имсол Тошканд мизбони Форуми савдо дар Осиёи Марказӣ мешавад


акс аз бойгонӣ
акс аз бойгонӣ

Дар шаҳри Тошканд рӯзҳои 17 ва 18 октябр Форуми ҳаштуми савдо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ барпо мешавад, ки аз ҷониби Оҷонсии рушди байналмилалии ИМА (USAID) ва Вазорати савдои хориҷии Ӯзбекистон ташкил шудааст. Дар иттилоияи сафорати ИМА дар Душанбе рӯзи 17 сентябр гуфта мешавад, ки Форуми савдои кишварҳои Осиёи Марказӣ (CATF) “майдони беназирро барои соҳибкорон барои ошноӣ бо имкониятҳои нав дар бозорҳои рӯ ба тараққии кишварҳои Осиёи Марказӣ фароҳам меорад”.

Қаламрави Осиёи Марказӣ макони зисту кори 70 миллион нафар аст ва ба иттилои ташаббускорон, форуми соҳибкорон имкониятҳои нави бозору тиҷоратро барои сокинони ин минтақа боз мекунад. Форуми соли гузашта дар шаҳри Алматои Қазоқистон беш аз 1,100 нафар иштирокчиро аз 18 кишвар ҷамъ оварда, соҳибкорони Тоҷикистон дар он тавонистанд ба маблағи беш аз 650,000 доллари ИМА шартнома имзо кунанд.

Аз замони аввалин форуми CATF дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон дар соли 2011, соҳибкорон, роҳбарони давлатӣ ва коршиносони соҳаи саноат аз кишварҳои Осиё, ИМА, Аврупо ва Ховари Миёна чорабинии мазкурро ҳамчун майдони табодули афкор, бастани шартномаҳо ва пайдо кардани шарикони нав барои ҳамкориҳои оянда истифода мебаранд.

XS
SM
MD
LG