Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати Зоран Заев барои тағйири номи Македония


Зоран Заев, нахуствазири Македония.

Зоран Заев, нахуствазири Македония аз шаҳрвандон хост, номи нав барои кишварашонро бипазиранд, дар акси ҳол ба “инзиво” ва “бесуботӣ” дучор мешаванд.

Дар як мусоҳиба бо хабаргузории “Франс Пресс” ӯ аз мардум даъват кардааст, ки дар раъёпурсии рӯзи 30-уми сентябр ба тарафдории номи нави Македонияи Шимолӣ раъй бидиҳанд.

Мусоҳибаи ӯ рӯзи 16-уми сентябр нашр шуд. Македония баъди чанд даҳсола баҳс бо Юнон розӣ шуд, ки номи кишварро ба Македонияи Шимолӣ иваз кунад. Баҳси мазкур аз соли 1991 аз замони пош хӯрдани Югославия ва истиқлоли Македония шурӯъ шуд.

Юнон мухолифи номи Македония аст, чун мегӯяд, чунин номгузорӣ як навъ даъво барои қаламравҳои шимолии Юнон аст, ки айни номро дорад. Ба сабаби даъвои Юнон, Македонияро ба Созмони Милал бо номи муваққатии Ҷумҳурии Македония дар Югославияи Собиқ қабул карданд.

Мухолифони ҳукумати Зоран Заев ва аксаран миллатгароён дар кишвар намехоҳанд, ки номи Македонияи бештар аз 2 миллион нафарӣ иваз шавад.

Видеоҳои охирин

Ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба раҳпаймоии низомӣ дар Эрон
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:45 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG