Пайвандҳои дастрасӣ

Қаҳрамони филми "Дар имтидоди шаб" даргузашт


Саиди Кангаронӣ дар филми "Дар имтидоди шаб" бо Гугуш нақши аслиро бозӣ кардааст

Саид Кангаронӣ, ҳунарпешаи маъруфи эронӣ дар синни 64-солагӣ дар шаҳри Теҳрон даргузашт. Сабаби марги ҳунарпешаи маъруфро сакти қалбӣ мегӯянд. Саиди Кангарониро дар Тоҷикистон бо филми маъруфи “Дар имтидоди шаб” мешинохтанд.

Дориюш Раҷабиён, хабарнигори шабакаи Би-Би-Си, ки хабари даргузашти ҳурапешаро нашр кард, ба Радиои Озодӣ гуфт, филме, ки бо намоиши саҳнаҳои бепардаву ошкори ишқбозӣ миёни қаҳрамони достон ва дилбохтаи ҷавони ӯ (Бобак) дар Эрони шаҳаншоҳӣ сарусадо бапо карда буд, дар Тоҷикистон ҳам вокунишҳои зиёде ба бор овард. Ӯ гуфт, ин филм дар авохири даҳаи 1970 бо тарҷумаи русии “Долгая ночь” ба Иттиҳоди Шӯравӣ роҳ ёфт ва дар Тоҷикистон ҳам бо номи “Шаби ялдо” рӯи сафҳаи синамо рафт. Дориюш Раҷабиён гуфт:

​“Дар имтидоди шаб”-ро яке аз нахустин василаҳои ошноии мардуми Тоҷикистон бо ҷомеаи Эрони он замон меноманд. Намоиши филми “Дар имтидоди шаб” бо замони пурошӯби Инқилоби исломӣ дар Эрон (1978-79) мусодиф шуд".

Вале қабл аз он Саиди Кангаронии навҷавон дар маҷмӯаи телевизюнии “Доиҷон Нопулеун” нақши Саидро бозӣ кард, ки пурбинандатарин сериали телевизюнии таърихии Эрон ба шумор меояд.

“Издивоҷ ба сабки эронӣ”, “Гирдоб”, “Парвоз дар қафас”, “Доираи мино”, “Ризо-мутурӣ” аз ҷумлаи дигар филмҳоест, ки Саиди Кангаронӣ дар онҳо бозӣ кардааст. Бештари онҳо ба даврони пеш аз инқилоб бармегарданд​.

Пас аз Инқилоби исломӣ Саиди Кангаронӣ Эронро ба қасди Амрико тарк кард ва дигар дар саҳнаи театру пардаи синамо надурахшид.

Видеоҳои охирин

Падар – мурда, модар – зиндонӣ. Тифли 8-моҳаи тоҷик дар боздоштгоҳи Ироқ
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:54 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG