Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порошенко ба Русия ва гузаштаи Шӯравӣ "худоҳофизӣ" кард


Петро Порошенко
Петро Порошенко

Президенти Украина Петро Порошенко бо Русия ва, ҳамин тавр, гузаштаи Шӯравӣ "хайрбод" гуфт. Ӯ гуфт, ки сарфи назар аз муқовимати тӯлонии Русия, Киев тавонист ба ҷодаи Ғарб ва наздикӣ бо Иттиҳоди Аврупо ва НАТО ворид шавад.

Порошенко дар Анҷумани стратегияи аврупоӣ дар Ялта гуфт, дар нишасти моҳи июли НАТО дар Брюссел ӯро борҳо мутақоид карданд, ки Украина аз имкони узвият дар ин паймони низомӣ бархӯрдор аст. "Баъди ин нишаст "самтгирии русӣ"-и рушди Украина хотима ёфт", - гуфт Порошенко.

"Ин танҳо як нияти бори дигар даст афшондан ба сӯи Русия нест. "Худо ҳофиз, хирси меҳрубони мо, акнун ба ҷангали афсонавии худ баргард". Ин ҳамчунин пайғом ба шарикони ғарбии мо (Иттиҳоди Аврупо, НАТО) аст: шумо, ки гуфтаед дар боз аст, дигар шубҳае надошта бошед, мо ҳатман аз ин дар ворид мешавем", - навиштааст нашрияи "Европейская правда" аз қавли Петро Порошенко.

Суханони "Худо ҳофиз хирси меҳрубон" аз таронаест, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ ҳангоми маросими басташаваии Бозиҳои олимпии соли 1980 садо дод.

Соли гузашта Порошенко бо иқтибос аз шеъри Михаил Лермонтов - "Худо ҳофиз Русияи ношуста" бо Русия "худоҳофизӣ" карда буд.

Президенти Русия Владимир Путин ба Порошенко бо суханони шоири украинӣ Тарас Шевченко - "Кори Украина ба ҷое расидааст, ки бачаҳояш бадтар аз қамчин ӯро мекӯбанд" - посух дод. Путин гуфт, ки вақтҳои ахир вазъи иқтисодии Украина ба таври назарраз бад шудааст.

XS
SM
MD
LG