Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон ба рӯйхати "кишварҳои шармовар" шомил шуд


Антонио Гутерреш
Антонио Гутерреш

Номи Туркманистон ба рӯйхати 38 кишвари "шармовар"-е шомил карда шуд, ки шаҳрвандони худро барои ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ дар бахши ҳуқуқи инсон таъқиб мекунанд.

Ба иттилои хабаргузории Рейтер, СММ рӯзи чоршанбе номи 38 кишвари "шармовар"-ро нашр кард, ки шаҳрвандони худро барои ҳамкорӣ дар бахши ҳуқуқи инсон боздошт, шиканҷа ва ё қатл кардаанд.

Дабири кулли СММ Антониоу Гутерриш дар гузориши солонаи худ гуфт, муҷозот кардани шахсони алоҳида барои ҳамкорӣ бо ин созмони ҷаҳонӣ "таҷрибаи шармовар"-е аст, ки бояд решакан шавад.

Туркманистон, ки аз соли 1992 узви СММ аст, мегӯяд, алоқаманди рушди ҳамкориҳо бо ниҳодҳои созмон ва риояи уҳдадориҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар бахши ҳуқуқи инсон аст. Вале номи он ҳамасола дар баробари кишварҳое гирифта мешавад, ки дар бахши ҳуқуқи инсон нишондоди бад доранд.

XS
SM
MD
LG