Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: Нирӯҳои Асад се дафъа аз силоҳи кимиёӣ истифода кардаанд


Созмони имдодрасон ба кӯдакони заҳролудшудаи Сурия кумак мекунад. 8 апрели соли 2018
Созмони имдодрасон ба кӯдакони заҳролудшудаи Сурия кумак мекунад. 8 апрели соли 2018

Комиссияи байналмилалии таҳқиқотӣ дар назди Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ки нирӯҳои президенти Сурия Башор Асад соли равон се дафъа аз силоҳи кимиёвӣ кор гирифтанд.

Бино ба гузориши Комиссари олии ҳуқуқи инсони СММ, нирӯҳои Асад моҳҳои январ ва феврал ба воситаи мушакҳо дар Ғутаи Шарқӣ ҳамлаи кимиёӣ анҷом доданд, ки дар натиҷа 24 одам, аз ҷумла 6 кӯдак ва 10 зан осеб дид.

Моҳи феврал низ ҳодисаи ҳамсон дар вилояти Идлиб рух дод. Комиссия муайян кард, ки чархболҳои ҳукумати Сурия дар ин минтақа ду бушкаи газро партофтанд. Дар натиҷа 11 одам осеб дид. Комиссия дар рафти таҳқиқи худ беш аз 400 нафарро пурсидааст.

Феълан коршиносони СММ ҳамлаи эҳтимолии кимиёӣ дар шаҳри Думои Сурия дар рӯзи 7-уми апрелро таҳқиқ мекунанд, ки 49 кушта ва ҳудуди 650 захмӣ бар ҷой гузошт.

Русия ва Сурия истифода шудани силоҳи кимиёӣ аз сӯи нирӯҳои ҳукуматиро рад мекунанд. Маскав ҳамлаҳои мазкурро кори мухолифони Асад меномад. Пентагон ба Асад таҳдид кард, ки ба истифодаи навбатии силоҳи кимиёӣ посухи фаврӣ хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG