Пайвандҳои дастрасӣ

Парчамсози ДИИШ ду сол зиндонӣ шуд


Қурбоналӣ Партоев

Додгоҳи Вахш як сокини минтақаро бо ҷурми барафрохтани парчами гуруҳи "Давлати исломӣ" дар боми корхонаи мутааллиқ ба Нусратулло Саидов – бародарзодаи Саид Абдуллоҳи Нурӣ – ба зиндон маҳкум кард. Ҳодиса моҳи феврали имсол рух додааст.

Матоъву рангро аз бозор гирифта, парчамро сохтам. Аввал се донаашро дар бом гузоштам. Баъдан ду донаи дигарро бо истифода аз суратҳои интернет сохта, дар онҷо гузоштам"

Манобеи Радиои Озодӣ рӯзи 13-уми сентябр гуфтанд, ки Додгоҳи ноҳияи Вахш Қурбоналӣ Партоевро барои "хусумати шахсӣ" ва "бадномсозӣ" айбдор кард. Додгоҳ барои ин ҷурм ба ӯ ду соли зиндони низомаш сангин таъйин намудааст. "Бародараш Тоҳир Партоев низ барои кумак дар ин кор ду сол зиндонӣ шуд", - гуфт манбаъ. Ҳамсуҳбати мо ҷузъиёти зиёдеро аз ҷараёни мурофиа ошкор накард, вале гуфт, ин ҳукм аллакай ба иҷро даромадааст.

"Рабте ба ДИИШ надорад"

Мақомоти интизомӣ дар ҷамоати “Тоҷикобод” (Туркманистони қаблӣ)-и ноҳияи Вахш моҳи феврали имсол панҷ парчами гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро пайдо карданд. Баъдан дар бораи боздошт ва бозпурсӣ шудани 10 нафар хабар расид. Аз ҷумла, гуфта шуда буд, ки Нусратулло Саидов – ҷияни Саид Абдуллоҳи Нурӣ – муассиси ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ бозпурсӣ шудааст. Худи ӯ дар як навори видеоӣ эълон кард, ки барои суҳбат ба назди мақомот даъват шуд, аммо дар озодӣ аст.

Нусратулло Саидов
Нусратулло Саидов

Сипас мақомоти амниятӣ дар як навор гуфтанд, ки Қурбоналӣ Партоев ҳеч рабте ба ДИИШ надорад ва парчамҳо ба хотири бадном ва таҳти боздошт қарор гирифтани Нусратулло Саидов зери боми ширкаташ гузошта шудааст.

"Дар сарам омад, ки Нусратулло Саидовро "подстава" кунем ва мақомот омада ӯро биқапанд. Матоъву рангро аз бозор гирифта, парчамро сохтам. Аввал се донаашро дар бом гузоштам. Баъдан ду донаи дигарро бо истифода аз суратҳои интернет сохта, дар онҷо гузоштам", - нақл кард Қурбоналӣ Партоев дар навори мақомоти амниятӣ.

"Падараш бедарак шуд"

Холмурод Нуриддинов, раиси ҷамоати Тоҷикободи ноҳияи Вахш, гуфт, дар мурофиаи додгоҳӣ иштирок надошт, аммо ба ӯ расондаанд, ки ду бародар зиндонӣ шудаанд. Вай гуфт, аз замони боздошти Қурбоналӣ Партоев, падараш Наҷибулло Партоев дар Русия бедарак шудааст.

Маҳмадсаид Алимов, масъули идораи замин дар ҷамоати Тоҷикобод ба ҳайси шоҳид дар мурофиаи догоҳӣ ҳузур доштааст. Ӯ гуфт, “дар рӯзи пайдо шудани парчамҳо шоҳид будам. Дар як мурофиа иштирок карда, ба суоли додрас посух гуфтам. Шоҳидӣ додам, ки парчамҳо ёфт шуданд.”

Наздикони Қурбоналӣ ва Тоҳир Партоевҳо аз суҳбат худдорӣ карданд. Онҳо нахостанд, ки дар дар робита ба ин ҳодиса изҳори назар кунанд. Бо ин ҳол, на мақомот ва на худи маҳкумшудаҳо ба матбуот ошкор накарданд, ки хусумату бадбинии ӯ аз чӣ иборат буд.

Боздошту ҳабси чанд нафар барои парчами ДИИШ

Барафрошта шудани парчамҳои ДИИШ дар Тоҷикистон ҳодисаи нав нест. Мақомоти Тоҷикистон дар се соли охир аз боздошти чанд гурӯҳи ҷавонҳо бо айни ҳамин иттиҳом хабар доданд. Дар ду ҳодисаи ҷудогона дар моҳи августи соли 2015 дар шаҳри Норак ва ноҳияи Шаҳритус гурӯҳи 14 ва 8-нафарии ҷавонҳо боздошт шуда, барои тарафдорӣ аз ақидаҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ” ва барафроштани парчами ин гурӯҳ дар маркази ин манотиқ, муттаҳам шуданд.

Мақомоти амниятӣ дар Кӯлоб ҳам як ҷавонро ба иттиҳоми барафрохтани парчами сиёҳи гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар дарвозаи ин шаҳр боздошт карда буданд. Як ҷавон низ дар Душанбе барои насби байрақи сиёҳи ДИИШ бар болои пули маҳаллаи 103 боздошт ва зиндонӣ шуд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG