Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз 60 ширкати бузурги ИМА алайҳи Трамп муттаҳид шуданд


Беш аз 60 ширкати бузурги Амрико барои мубориза бо сиёсати тарофаҳои Доналд Трамп муттаҳид шуданд,- навиштааст хабаргузории Reuters рӯзи 12 сентябр. Ба ин эътилофи тиҷоратӣ ширкатҳои мисли Муассисаи нафти Амрико, Exxon Mobil, Chevron, Microsoft, Apple, IBM, Facebook, Amazon.com Walmart ва дигарон шомил шуданд.

Тӯли 8 моҳи ахир онҳо талош карданд маъмурияти Кохи сафедро ба корношоям будани тарофаҳо мутақоид созанд. Иттиҳоди "зидди-Трамп" ширкатҳоро қариб аз тамоми бахшҳои иқтисоди Амрико баҳам овардааст.

Акнун ин ширкатҳо мехоҳанд тавассути қонунгузорони Ҷумҳурихоҳ ба сиёсати Трамп дар робита ба муҳофизат аз тавлидоти дохилӣ хотима гузоранд. Иттиҳоди "зидди-Трамп" мехоҳад қонунгузорҳо ба президент фамонанд, ки ҷанги тарофаҳо, ки ӯ оғоз кардааст, метавонад тамоми дастовардҳои марбут ба ислоҳоти молиёт ва муқарраротзудоиро хат занад.

Худи раҳбари Кохи сафед пофишорӣ дорад, ки чораҳои тиҷоратии ӯ бизнеси амрикоиро ҳифз мекунанд ва бекориро дар ИМА коҳиш медиҳанд. Ахиран Трамп тарофаҳои нави алайҳи Чинро эълон кард, ки то 200 миллирад долларо фаро мегирад. Ин дар ҳолест, ки Трамп аллаакай ба 50 милилард маҳсулоти Чин тарофаи 25 дарсадӣ гузоштааст. Мақомоти Чин мегӯянд ба Амрико посухи ҳамсанг хоҳанд дод.

Ахиран ширкати тавлиди мошинҳо - Ford Motor аз кӯч додани корхонаҳои банду басти мошини Focus Active аз Чин ба Амрико сарпечӣ кард. Дар ширкат гуфтанд, ки ин қарор барои онҳо "зараровар" мебуд.

XS
SM
MD
LG