Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Қирғизистон аз нобаробарии тиҷорат бо Узбекистон шикоят кард


Парчамҳои Қирғизистон ва Узбекистон
Парчамҳои Қирғизистон ва Узбекистон

Қирғизистон тамоми шароитро фароҳам кардааст, то Узбекистон маҳсулоташро ба кишвар содир кунад. Вале Узбекистон воридоти картошкаи Қирғизистонро манъ кардааст. Ин нуктаро вакили порлумони Қирғизистон Ҷанар Акаев рӯзи 12 сентябр дар ҷаласаи порлумонӣ баён дошт.

Ба гуфтаи ӯ, тамоми бозорҳои Қирғизистон пур аз матоъ ва маҳсулоти дигари Узбекистон шудааст ва Тошканд бо вуҷуди он ки узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё нест, ба воситаи Қирғизистон молҳои худро ба бозори кишварҳои узв содир мекунад.

"Мо ба Узбекистон картошка ва маҳсулоти дигари ғизоиро содир карданӣ мешавем, вале онҳо намемонанд. Дар ҳукумати мо ягон нафаре пайдо нашуд, ки ин масъаларо бардорад ва ҳал кунад", - афзуд Акаев.

Расонаҳо баҳори соли 2017 хабар доданд, ки Узбекистон барои поин бурдани нархи картошка ин маҳсулоти кишоварзиро аз Қирғизистон мехарад. Доктори илмҳои иқтисодӣ ва вазири пешини қирғиз Ҷумақодир Акенев моҳи майи соли 2017 гуфт, тайи моҳҳои ахир кишвараш ба Тоҷикистону Узбекистон ҳудуди 100 ҳазор тонна картошка содир кардааст.

XS
SM
MD
LG