Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз 100 нафар, бо шумули 20 кӯдак, дар соҳилҳои Либия ғарқ шуд


Кормандони кумитаи Салиби Сурхи Либия
Кормандони кумитаи Салиби Сурхи Либия

Аввали моҳи сентябр беш аз сад муҳоҷир, бо шумули 20 кӯдак, бар асари ғарқшавии ду заврақ дар соҳили Либиё ҷон бохтаанд. Дар ин бора созмони Табибони Бидуни Марз бо такя бо онҳое, ки аз ин фалокат ҷон ба саломат бурдаанд, хабар дод.

Ин созмон мегӯяд, мақомоти Либия 276 нафарро, ки баъзеи онҳо бозмондаи қаиқҳои ғарқшуда буданд, рӯзи 2-юми сентябр ба кишвар баргардонд.

Созмонҳои ёрирасон мегӯянд, ки мақомот ин нафаронро худсарона дар боздошт нигаҳ медоранд.

Созмони Табибони Бидуни Марз, ки зиндамондаҳоро муоина мекард, гуфт, дар байни онҳо занони ҳомила, кӯдакон ва бачаҳои ширмак ҳастанд.

Баъзеи онҳо дар натиҷаи берун шудани равғани киштӣ сӯхта, бархеи дигар бинобар муддати тӯлонӣ дар об будан илтиҳоби шуш гирифтаанд.

Бино ба маълумоти Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират, дар соли равон беш аз 1500 паноҳанда дар талоши убури Баҳри Миёназамин ҳалок шуд.

XS
SM
MD
LG