Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи байналмилалии Гаага ба таҳдиди Вашингтон посух дод


Додгоҳи байналмилалии ҷиноят
Додгоҳи байналмилалии ҷиноят

Додгоҳи Гаага гуфт, ки сарфи назар аз таҳдидҳои Вашингтон эҳтимоли ҷиноятҳои ҷангии Амрикоро дар Афғонистон таҳқиқ хоҳад кард.

Дар Гаага гуфтанд, ки Додгоҳи байналмилалии ҷиноят як ниҳоди мустақил ва бетараф буда, 123 давлат аз он пуштибонӣ мекунад.

Хабаргузории Reuters рӯзи 11-уми сентябр аз қавли додситони додгоҳи Гаага гуфт, дар вақти баррасии ҷиноятҳои ҷанг дар Афғонистон фаъолияти ҳамаи тарафҳо, бо шумули низомиёни Амрико ва кормандони Идораи марказии истихборот - ЦРУ мавриди омӯзиш қарор хоҳад дод.

Мушовири раиси ҷумҳури Амрико дар умури амният Ҷон Болтон рӯзи гузашта таҳдид кард, ки дар сурати мурофиаи шаҳрвандони Амрико дар ин додгоҳ равобиташро бо ин ниҳод қатъ ва худи ниҳодро таҳрим хоҳад кард. Ӯ Додгоҳи байналмилалиро як ниҳодои "бесоҳиб" ва барои Амрико ва шариконаш "хатарнок" унвон кард.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико асосномаи Рум, ки соли 2002 Додгоҳи байналмилалии ҷиноятро созмон дод, имзо накардааст. Он замон президенти пешини ИМА Ҷорҷ Буш ба имзои ин санад мухолифат карда буд.

Президенти пешини дигар, Барак Обама, барои ҳамкорӣ бо ин созмон чанд қадамеро пиёда намуд.

XS
SM
MD
LG