Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико хотираи қурбониёни ҳамлаи 11.09.2001-ро гиромӣ дошт


Лавҳаи ёдгорӣ дар макони ҳамлаи теророристӣ
Лавҳаи ёдгорӣ дар макони ҳамлаи теророристӣ

Имрӯз дар Амрико онҳоеро ба ёд оварданд, ки дар ҳамлаи террористии 11-уми сентябри соли 2001 қурбон шуданд.

17 сол пеш дар пайи ҳамлаи террористҳои "Ал-Қоида", ки ҳавопаймоҳоро рабуда, ба Маркази тиҷоратии Ню-Йорк ва бинои Пентагон ҳамла бурданд, наздик ба 3000 нафар кушта шуд. Ба ин рақам онҳое низ ворид шудаанд, ки дар натиҷаи суқути ҳавопаймои чаҳорум дар аёлати Пенсилвания ба ҳалокат расиданд.

Президенти ИМА Доналд Трамп имрӯз дар маъракаи ёдбуди қурбониён дар Пенсилвания иштирок мекунад.

Дар Ню-Йорк садҳо наздикони қурбониён, ки дар ин ҳамлаҳо ҷон ба саломат бурданд, дар майдоне ҷамъ мешаванд, ки қаблан макони биноҳои дугоники Маркази ҷаҳонии тиҷорат буд.

Рӯзи якшанбе истгоҳи метрои зери Маркази ҷаҳонии тиҷорат, ки солҳо боз валангор буд, дубора фаъол шуд. Барои бозсохти он 182 миллион доллар сарф шуд.

XS
SM
MD
LG