Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари президент ба Бадахшон аз Ванҷ шурӯъ шуд


акс аз вебсайти president.tj
акс аз вебсайти president.tj

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон сафар кард. Дафтари матбуоти раисҷумҳур ҳадаф аз ин сафарро, “шиносоӣ бо вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангии мардум, ифтитоҳи як зумра иншооти нав ва мулоқот бо сокинон” арзёбӣ кард.

Ба қавли дафтари матбуоти раисҷумҳур, сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон аз ноҳияи Ванҷ шуруъ шуд. Президент дар доираи ин сафар бинои маъмурии шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як мактаби навро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Дар назар аст, ки Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари худ ба Бадахшон аз чанд ноҳияи Бадахшон дидан карда, дар маросими ифтитоҳи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ низ иштирок кунад.

XS
SM
MD
LG