Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Калисои провославии Тоҷикистон дар коҳиши қарзи барқ кӯмак хост


Калисои провославӣ дар Душанбе
Калисои провославӣ дар Душанбе

Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтуда-1» аз ширкати «Барқи тоҷик» хостааст, ки наздики 45 ҳазор сомониро аз қарзи як миллиардиаш кам кунад.

Ин маблағи қарзи истифода аз нерӯи барқи калисои православии “Николаи муқаддас” дар Душанбе ва калисои “Марями муқаддас” дар шаҳри Турсунзода буд, ки “Сангтуда-1” пардохти онро бар ивази кам кардани қарзаш аз “Барқи тоҷик” бар дӯш гирифт.

Нерӯгоҳи “Сангтуда-1”, ки аксари саҳмияҳояш дар Русия қарор дорад, ба Тоҷикистон тариқи “Барқи тоҷик” барқ мефурӯшад. Ширкати “Барқи тоҷик” ҳоло беш аз як миллаирд сомонӣ аз ин неругоҳ қарздор аст.

Рӯзи 10-уми сентябр дар нерӯгоҳи “Сангтуда-1” ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки роҳибони калисо барои кӯмак дар пардохти қарзашон аз истифодаи барқ муроҷиат карданд.

“Онҳо гуфтанд, ки замони ахир сарфи нерӯи барқ бештар шудааст ва тавони пардохти саривақтии онро надоранд. Масъулини неругоҳ ба онҳо ба ҳамин шакл кӯмак кард,” - гуфтанд дар “Сангтуда-1”.

Калисоҳои православӣ дар шаҳри Душанбе, Турсунзода, Қурғонтеппа, Панҷакент ва Хуҷанд фаъолият мекунанд. Аксари ин калисоҳо аз замони Шӯравӣ сохта шудаанд ва роҳибони онҳо русҳо ҳастанд.

Тибқи омори нуфусшумории охир дар Тоҷикистон 34 ҳазор русҳо зиндагӣ мекунанд, ки аксар пайрави мазҳаби провославии дини масеҳӣ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG