Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хонандагони рӯймолдор аз мактаби Фирдавсии Қазоқистон рафтанд. ВИДЕО


Дар вилояти Туркистони Қазоқистон волидони хонандагони мактаби деҳаи Фирдавсӣ, ки пештар талаби маъмурияти мактабро барои кашидани рӯймоли духтаронашон рад карда буданд, ҳуҷҷатҳои фарзандони худро аз онҷо гирифтанд.

Дар ин бора охири ҳафта мудири мактаб Жанар Мамирова ба бахши Қазоқии Радиои Озодӣ хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, аз миёни 203 хонандаи синфҳои болоӣ 10 нафар рӯймолҳои худро нагирифтанд. Волидони 7 тани онҳо аллакай ҳуҷҷатҳои фарзандони худро гирифта, ба мактаби дигар супориданд.

Идораи маорифи вилояти Туркистон мегӯяд, "вазъ дар мактаби деҳаи Фирдавсӣ муътадил" шуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ идома доранд.

Маъмурияти мактаб бо истинод ба фармони вазири маорифи Қазоқистон аз моҳи январи соли 2016 хонандагонро бо рӯймол ба дарс роҳ намедиҳад. Фармон либоси мактабиро ҳатмӣ дониста, вуруди хонандагонро бо либосҳои мазҳабӣ ба дарс манъ мекунад. Соли гузашта низ дар чанд минтақаи Қазоқистон бар пояи ин фармон, хонандагони рӯймолдорро ба дарсҳо роҳ надоданд.

Духтарони ҳиҷобпӯши деҳаи тоҷикнишинро ба мактаб роҳ надоданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:06 0:00

XS
SM
MD
LG