Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири хориҷаи Эрон яҳудиёнро бо Соли нав табрик кард


Бо авҷ гирифтани танишҳо миёни Эрону Исроил, Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон фаро расидани Соли нави яҳудиёнро ба ин мардум дар кишвараш ва дар саросари ҷаҳон табрик гуфтааст. Ӯ дар як паёми кутоҳи табрикӣ дар Твиттер навиштааст:

“Чун офтоб роҳро ба рӯи моҳ боз мекунад, ман ба тамоми яҳудиёни ҳамватанам ва яҳудиёни саросари ҷаҳон Соли нави амну осоишта орзу мекунам. Руш Ҳашона муборак”. Эрон Исроилро ба ҳайси кишвар ба расмият намешиносад. Ҳасан Руҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон рӯзи 8-уми сентябр Амрико ва Исроилро душманҳои аслии кишвараш номид.

Аз ин пештар, рӯзи 5-уми сентябр Исроил гуфт, “ҳаргуна таъсисоти низомии Эрон дар Сурияро” нобуд мекунад. Эрон яке аз ҳомиёни асосии Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия аст, ки 7 сол аст дар он ҷанги дохилӣ идома дорад. Дар Эрон аз аҳди бостон яҳудиён зиндагӣ мекунанд, вале баъди инқилоби исломӣ дар соли 1979 теъдоди онҳо аз 85 ҳазор нафар ба то 10 000 ҳазор нафар расид.

XS
SM
MD
LG