Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бомбгузории рӯзи гиромидошти Аҳмадшоҳи Масъудро дар Кобул ДИИШ ба ӯҳда гирифт


Ҳамлагари маргталабро полис нобуд кард
Ҳамлагари маргталабро полис нобуд кард

Гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ” масъулияти бомбгузории маргталабона дар рӯзи гиромидошти хотираи Аҳмадшоҳи Масъудро бар уҳда гирифт. Дар натиҷаи ин ҳамла дар рӯзи 9-уми сентябр дар шаҳри Кобул 9 нафар кушта шуданд ва 25 тани дигар захм бардоштанд. Бобмгузори маргталаб дар ин рӯз савори мотосикл ба издиҳоми мардум наздик омада ва худро таркондааст.

Аҳмадшоҳи Масъуд, фармондеҳи тоҷиктабори Афғонистон, ки ӯро барои муборизаи беамонаш бо артиши Шӯравӣ ва Толибон “Шери Панҷшер” мегуфтанд, 9-уми сентябри соли 2001 кушта шуд. Ду нафар, ки худро хабарнигор муаррифӣ карданд, маводи таркандаро дар дастгоҳи наворбардории худ насб карда буданд ва ҳангоми дар рӯ ба рӯи камера қарор доштани Аҳмадшоҳи Масъуд онро инфиҷор доданд. Чанд соат пеш аз бомбгузории маргталабонаи рӯзи 9 сентябр дар Кобул маъмурони амниятӣ як мардеро куштанд, ки қасд доштааст, худро дар назди тарафдорони Аҳмадшоҳи Масъуд битарконад.

XS
SM
MD
LG