Туркманистон як маркази бузурги тавлиди барқро ифтитоҳ кард, ки барои Афғонистону Покистон се миллион киловатт соат барқ содир мекунад. Ин марказ, ки дар онҷо газро ба барқ табдил медиҳанд, рӯзи 8-уми сентябр дар наздикии шаҳри Марви Туркманистон ифтитоҳ ёфт. Афғонистон дар баъзе аз минтақаҳои шимол ва шимоли ғарбиаш ба барқи воридотӣ аз Туркманистон такя мекунад.