Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамони гуштии Қирғизистонро дар Бишкек куштанд


Акси тасвирӣ
Акси тасвирӣ

Бекзод Ҷонибеков, варзишкори 28-сола, қаҳрамони гуштии Қирғизистон дар пайи як ҷанҷол дар шаҳри Бишкек кушта шуд. Ҳодиса ду рӯзи пеш рух дод. Як марди 33-сола бо гумони қатли варзишкор боздошт шудааст, хабар медиҳанд мақомоти Қирғизистон.

Боздоштшуда дар бозпурсӣ гуфт, ки миёни онҳо ҷанҷол бархост. Гумонбар бо аввалин ашёе, ки дар дасташ афтод, ба Ҷонибеков ҳамла кардааст. Тахмин меравад, ин ашё корд будааст.

Ҳодисаи мазкур дар ҳудуди ноҳияи Ленини шаҳри Бишкек рух додааст. Бо моддаи "Барқасдона расонидани зарари вазнин ба саломатӣ" парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.

XS
SM
MD
LG