Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳиндустон ба никоҳи ҳамҷинсгароҳо иҷозат дод


Фаъоли ҷуyбиши ҳамҷинсгароҳои Ҳиндустон
Фаъоли ҷуyбиши ҳамҷинсгароҳои Ҳиндустон

Додгоҳи олии Ҳиндустон ҷазо барои робитаи ҷинсии афроди марбут ба як ҷинсро бекор кард. Дар ин бора хабаргузории Reuters рӯзи 6-уми сентябр гузориш дод.

Раиси Додгоҳи олӣ Дипак Мисра гуфт, робитаи ҷинсӣ бо хоҳиши ду нафар, сарфи назар аз гароиши ҷинсии онҳо, наметавонад ғайриконститутсионӣ бошад.

Қаблан робитаи ҷинсии афроди марбут ба як ҷинс дар Ҳиндустон то даҳ соли зиндон ва ҳатто ҳабси якумрӣ пешбинӣ мекард. Ин банди қонун соли 1861, замоне ҷорӣ шуда буд, ки Ҳиндустон мустаъмараи Британия ҳисоб мешуд.

Фаъолони ҳуқуқи ҳамҷинсгароҳо, ки мақомотро ба бекор кардани ин банди қонун маҷбур карданд, мегӯянд, ки он барои тарс додан ва фишор ба ҷомеа истифода мешуд.

Соли 2009 Додгоҳи олии Деҳлӣ муҷозоти робитаи ҷинсии ҳамҷингсҳоро бекор, аммо баъдтар дубора барқарор кард. Додгоҳи олӣ он замон гуфта буд, ки қарорро дар ин масъала бояд порлумон қабул кунад.

XS
SM
MD
LG