Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрдори Тошканд ба 246 хонандаи синфи 1-уми мактаби хатмкардааш планшет дод


Шаҳрдори Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев 5 сентябр ба 246 хонандаи синфи якуми мактаби рақами 169-и пойтахти Ӯзбекистон ройгон планшет тақдим кард.

Дарсҳо дар мактабҳои Ӯзбекистон 5 сентябр оғоз шуданд. Хадамоти матбуотии шаҳрдории Тошканд мегӯяд, дар ин рӯз шаҳрдор Ортиқхоҷаев ба мактаби рақами 169 рафта, хонандагони синфи якумро бо нахустин рӯзи дарсияшон табрик гуфт. Ба иттилои манбаъ, Ортиқхоҷаев соли 1991 ҳамин мактабро хатм кардааст.

Шаҳрдори Тошканд ба ҳар як хонандаи синфи якуми мактаби №169 планшети "Samsung Galaxy Tab A" туҳфа кардааст. Ба гуфтаи мудири мактаб, дар таълимгоҳи онҳо 246 хонандаи синфи як аст.

Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев моҳи апрели соли равон шаҳрдори Тошканд таъйин шуд. Ортиқхоҷаеви 43-сола то ин замон мудири корхонаи воҳиди Tashkent City ва роҳбари ширкати Artel Engineering буд. Ортиқхоҷаев ҳамзамон молики ширкати AKFA Group - истеҳсолкунандаи дару тирезаҳои пластикӣ аст.

XS
SM
MD
LG