Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамкориҳо бо Чин, вазъи Афғонистон ва масоили дигар дар мулоқоти мақомоти Чину Тоҷикистон


Акс аз вебсайти president.tj
Акс аз вебсайти president.tj

Рӯзи 5 сентябр дар Душанбе мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва муовини сардори Шӯрои марказии ҳарбии Чин Сюй Тсилян баргузор шуд. Вебсайти президенти Тоҷикистон гуфт, ки дар мулоқот бо мақоми низомии чинӣ масоили ҳамкориҳои ду ҷониб баррасӣ шуд.

Дар мулоқот масоили ҳамкориҳои низомӣ, вазъи амниятӣ дар марз бо Афғонистон ва муборизаи муштарак бар зидди терроризму ифротгарӣ, ҷилавгирӣ аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ баррасӣ шуд.

Сюй Тсилян бо ҳадафи анҷоми як сафари кории серӯза вориди Тоҷикистон шудааст.

XS
SM
MD
LG