Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт як сокини шаҳри Душанберо ба хотири дашном ва озор додани ҳамсараш ба як ҳафта ҳабс маҳкум кард.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати умури дохилии Душанбе, Эркинҷон Муқумови 49-сола “пайваста дар ҳолати сархушӣ ба хонааш омада, ҳамсари худро дашномҳои қабеҳ медодааст.”
Ба қавли манбаъ, аз ҷумла ӯ рӯзи 1-уми сентябр “дар ҳолати мастӣ ба хонааш омада, ҳамсарашро ҳатто дар назди фарзандон ва берун аз муҳити хонавода дашному ҳақоратҳои қабеҳ дода, бо чунин тартиб оромии шаҳрвандонро халалдор кардааст.”
Мақомот мегӯянд, нисбат ба Эркинҷон Муқумов бо иттиҳоми майдаавбошӣ парванда боз карда, бо ҳукми додгоҳ ӯ ба 7 шабонарӯз ҳабс маҳкум шудааст. Дар аксҳое, ки мақомот нашр кардаанд, дида мешавад, ки Эркинҷон Муқумов ҳавлӣ ва фаршро тоза мекунад.
Латту кӯб ва озори ҳамсарон дар Тоҷикистон падидаи тоза нест. Аммо хеле кам аст ҳолатҳое, ки занон аз ин амали шавҳарони худ ба мақомот шикоят кунанд ва мардон низ муҷозот шаванд. Дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон шикояти ҳамсар аз болои шавҳар ба мақомот айб ҳисоб мешавад.