Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҷористон решаҳояшро дар Осиёи Марказӣ пайдо кард


Виктор Орбан ва Сооронбой Ҷеенбеков
Виктор Орбан ва Сооронбой Ҷеенбеков

Нахуствазири Маҷористон Виктор Орбан қавл дод, ки равобити танготангро бо Қирғизистон ва дигар давлатҳои туркзабони Осиёи Марказӣ ба роҳ мемонад.

Орбан рӯзи 4-уми сентябр ҳамроҳ бо президент Ҷеенбеков ба хабарнигорон дар Бишкек гуфт, боиси ифтихор аст, ки ӯ ба ҳайси аввалин нахуствазири Маҷористон бо сафари расмӣ ба Қирғизистон омад.

"Маҷористон маншаи худро ба ёд меорад. Аврупо моро шарқитарин одамони ғарбӣ ҳисоб мекунад, вале ҳамзамон моро бегона медонад, зеро мо дар онҷо аҷдод надорем. Маҷористон решаҳои фарҳангии худро пайгирӣ хоҳад кард", - гуфт Виктор Орбан ва афзуд, ки сафараш ба Бишкек "босамар" буд.

Орбан президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбековро ба Маҷористон даъват кард ва ҷиҳати кумакаш барои дастёбии Маҷористон ба Шӯрои давлатҳои туркзабон изҳори сипос намуд.

Шӯрои давлатҳои туркзабон моҳи октябри соли 2009 бо ибтикори Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркия таъсис ёфт. Президентҳои чаҳор давлат рӯзи 3-юми сентябр дар мавзеи истироҳатии Чолпон-Отаи Қирғизистон ҷамъ шуданд.

Виктор Орбан ва Шавкат Мирзиёев дар нишасти Шӯрои туркзабонҳо ҳамчун "меҳмон"-и ифтихорӣ иштирок карданд.

XS
SM
MD
LG