Дар пайи як сонеҳаи нақлиётӣ дар роҳи Хоруғ-Душанбе чаҳор нафар ба ҳалокат расида, чор нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ҳодиса баъд аз зуҳри дирӯз 3 сентябр рух додааст.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, садамаи автомобилӣ баъди он сар зад, ки Карим Маскинов, ронандаи 18-солаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Ландкрузер” ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Нисан-Патрул” бархӯрд.
Ба қавли манбаъ, дар натиҷа Фазилат Раҳматхудоеваи 31-сола, Мирсобит Обидови 65-сола, Одил Малишоеви 59-сола ва Сайф Саидманзарови 58-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасанд.
Инчунин чаҳор мусофири дигари ду худрав, ки аз 7 то 33-сол доштанд ҷароҳат бардоштаанд.
Дар Вазорати умури дохилӣ гуфтанд, таҳқиқи ҳодиса шуруъ шудааст ва сабабҳои сар задани он муайян карда мешавад.
Дар Тоҷикистон солона садҳо нафар дар садамаҳои нақлиётӣ ҷон медиҳанд ва ҳазорон нафари дигар захмӣ ва маъюб мешаванд.