Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил мехоҳад иншооти низомии Эронро дар Ироқ бомбаборон кунад


Вазири дифои Исроил Авигдор Либерман гуфт, кишвараш омодааст, иншооти низомии Эронро на танҳо дар Сурия, балки дар Ироқ низ бомбаборон кунад. Ба гуфтаи Либерман, Эрон ба шиаҳои Ироқ мушакҳои болдор додааст, ки метавонанд ба амнияти Исроил хатар эҷод кунанд.

2 сентябр дар атрофи шаҳри Димишқ, пойтахти Сурия таркишҳое шунида шуданд. Бино ба хабари расонаҳо, ин таркишҳо дар натиҷаи ҳамлаи нирӯҳои ҳавоии Исроил ба амал омадаанд.

Сарвазири Исроил Бинёмин Натаняҳу худи он рӯз бо намояндаи вижаи котиби давлатии ИМА Ҷеймс Ҷеффрӣ мулоқот дошт. Ҷонибҳо муқобала бо Эрон ва вазъ дар Сурияро баррасӣ карданд.

Ҳамчунин намояндагони президенти ИМА Ҷейсон Гринблатт ва Ҷаред Кушнер он рӯз ба раҳбари Фаластин Маҳмуд Аббос пешниҳод карданд, ки бо Урдун конфедератсия ташкил кунад. Аббос гуфт, агар ба ҳайати он Исроил низ ҳамроҳ шавад, пешниҳодро хоҳад пазируфт. Дар ин бора нашрияи исроилии Haaretz иттилоъ дод.

Нирӯҳои ҳавоии Исроил тайи солҳои ахир пайваста иншооти низомии Эронро дар Сурия бомбаборон мекунанд. Исроил борҳо гуфтааст, ки ҳадафи он пешгирӣ аз интиқоли силоҳи Эрон ба террористон ва ҳузури низомии Теҳрон дар ин кишвар аст. Натаняҳу ҳафтаи гузашта гуфт, сарфи назар аз созишномаи дифоии Эрону Сурия муқобала бо Теҳронро идома хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG