Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ФСБ дар ҳалокати Захарченко Украинаро гунаҳкор кард


Қаҳвахонаи "Сепар" - макони куштори Захарченко дар Донетск
Қаҳвахонаи "Сепар" - макони куштори Захарченко дар Донетск

Раҳбари хадамоти маълумоти оперативии ФСБ-и Русия Сергей Беседа рӯзи 3-юми сентябр гуфт, ки дар куштори раҳбари ба истилоҳ ҷумҳурии худгардони Донетск Александр Захарченко хадамоти махсуси Украина даст дорад.

Ба гуфти ӯ, коршиносони Хадамоти федеролии амнияти Русия, ки барои кумак дар таҳқиқи куштори Захарченко ба Донетск рафта буданд, ба ин натиҷа расиданд. "Ба назари мо ин дақиқан ҳамин тавр аст", - гуфт Беседа.

Хадамоти амнияти Украина ин иттиҳомро рад мекунад. Ин ниҳод бо исрор мегӯяд, ки Захарченко ё дар натиҷаи низоъҳои дохилӣ кушта шуд ё ӯро худи хадамоти Русия аз байн бурд. Раҳбари Хадамоти амнияти Украина Василий Гритсак гуфт, ки Украина ҳеҷ гурӯҳи харобкори истихборотиро ба Донетск нафиристода буд ва дар бораи одамоне, ки мақомоти Донетск ҳамчун гумонбари куштор боздошт кардаанд, чизе намедонад.

Александр Захарченко рӯзи 31-уми август аз таркиш дар қаҳвахонаи "Сепар", воқеъ дар маркази Донетск, кушта шуд. Ҳамроҳ бо Захарченко муҳофизи ӯ ба ҳалокат расид ва 9 нафар осеб дид. Ба гуфтаи Александр Казаков - мушовири Захарченко, бомбаро дар болои дари вуруд гузошта буданд ва онро аз фосила мунфаҷир карданд.

XS
SM
MD
LG