Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мянмар ду хабарнигори Reuters-ро барои таҳқиқи куштори Роҳинҷа зиндонӣ кард


Хабарнингорони зиндонишудаи Reuters
Хабарнингорони зиндонишудаи Reuters

Додгоҳе дар Мянмар рӯзи 3-юми сентябр ду хабарнигори Reuters-ро бо ҷурми нақзи қонун дар бораи асрори давлатӣ ба се сол зиндонӣ кард. Сардабири хабаргузорӣ Стивен Адлер ин рӯзро барои рӯзноманигорони Мянмар ва матбуот дар саросари ҷаҳон "ғамангез" унвон кард.

Шаҳрвандони Мянмар Ва Лона ва Сое Оо моҳи декабри соли гузашта, вақте куштори мусалмонҳои Роҳинҷаро дар аёлати Ракхайн таҳқиқ мекарданд, боздошт шуданд. Ба гуфтаи тафтишот, хабарнигорон ба маводи сиррӣ дар бораи масири ҳаракати артиш дастрасӣ пайдо карданд.

Ин санадҳоро ба хабарнигорон ду корманди пулис дод. Хабарнигорон мегӯянд, ки онҳо гунаҳкор нестанд. Ба гуфтаи Reuters, яке аз ин ду корманди пулис дар додгоҳ бар зидди хабарнигорон шоҳидӣ дод.

Созмони Милали Муттаҳид ва Иттиҳоди Аврупо аз мақомоти Мянмар даъват карданд, ки хабарнигоронро озод кунанд.

Моҳи августи соли 2017 дар пайи зӯроварии низомиёни Бирма ҳазорҳо мусалмони Роҳинҷа аз маконҳои зисти худ ба Бангладеши ҳамсоя фирор карданд. Мақомоти Мянмар саркӯбии мусалмонҳоро рад мекунанд ва мегӯянд, онҳо ба шӯришгарони Роҳинҷа муқовимат карданд.

СММ ахиран гуфт, дар маъракаи саркӯби мусалмонони Роҳинҷа камаш 10 ҳазор нафар кушта шуд. Дар гузориши СММ раҳбари мулкии Мянмар, барандаи ҷоизаи Нобел Аун Сан Су Чӣ танқид шудааст, ки натавонист зимоми низомиҳорор дар даст нигаҳ дорад.

XS
SM
MD
LG