Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зани узбектаборе мехост дар дохили ҷомадон ба Туркия ворид шавад. ВИДЕО


Марзбонони турк дар нуқтаи сарҳадие бо Гурҷистон ҷомадони як марди 24-солаи гурҷиро ошкор карданд, ки дар дохилаш зане пинҳон шуда буд. Дар ин бора рӯзи 2 сентябр расонаҳои гурҷӣ бо такя ба манбаъҳои туркӣ хабар доданд. Сарҳадбонон нахуст ба ҳаҷми бузурги ҷомадоне таваҷҷӯҳ карданд, ки шаҳрванди Гурҷистон ният дошт бо он вориди Туркия шавад. Ҳангоми кӯшиши гузаштан аз санҷиши паспортиву гумрукӣ, аз мард хостанд, ки ҷомадонро боз кунад.

Вақте ҷомадон боз шуд, дар дохили он як занеро пайдо карданд, ки мехост бо роҳи ғайриқонунӣ вориди Туркия шавад. Матбуоти туркӣ гуфт, ки ин зан 27 сол дошта шаҳрванди Узбекистон мебошад. Азбаски қаблан мақомоти Туркия ӯро аз ҳақи ворид шудан ба хоки ин кишвар манъ карда буданд, талош кард аз ин роҳ вориди Туркия шавад.

Дар натиҷа, ҳам марди шаҳрванди Гурҷистон ва ҳам ин зани узбектабор боздошт шудаанд. Аз рӯи ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Зани узбек дар дохили ҷомадони марди гурҷӣ мехост ба Туркия ворид шавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:26 0:00

XS
SM
MD
LG