Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯи машқҳои низомии кишварҳои НАТО дар Гурҷистон


Дар пойгоҳи низомии "Сенаки"-и Гурҷистон рӯзи 2 сентябр бо иштироки низомиёни даҳ кишвар, аъзои НАТО ва ҳампаймонони он размоиши даҳрӯза таҳти унвони "Руҳи чобук" (Agile Spirit-2018) оғоз шуд, ки 10 рӯз давом мекунад.

Дар он 237 низомӣ аз ИМА, Булғористон, Руминия, Латвия, Юнон, Украина, Туркия, Чехия, Эстония ва худи Гурҷистон иштирок доранд. Размоиш дар пойгоҳи низомие баргузор мешавад, ки соли 2008 Русия дар натиҷаи ҳамла ба ғарби Гурҷистон онро тақрибан маҳв карда буд.

Размоиши пешин зери унвони "Шарики арзанда" бо иштироки як қатор кишварҳои узви НАТО миёнаҳои моҳи август ба поён расид.

Гурҷистон дар марҳалаи севуми омодагӣ барои пайвастан ба НАТО қарор дорад. Вазири дифои Гурҷистон ҳангоми ифтитоҳи размоиш тавонмандии ҷангии кунуни артиши кишварашро ҳамчун "омодагии стратегӣ" баҳо дод.

Дар ҷараёни размоиш низомиён посух гуфтан ба таҳдидҳо ё амалиёти муштарак дар ҳайати Нирӯҳои зудамали НАТО-ро хоҳанд омӯхт. Онро афсарони амрикоӣ бо кумаки маркази омӯзишии НАТО дар Гурҷистон ва иштироки фармондеҳии нирӯи маҳаллии дарёӣ ва горди миллии Вазорати корҳои дохилии Гурҷистон ҳамоҳанг хоҳанд кард.

Размоиши "Agile Spiri" аз соли 2011 ҳамасола дар Гурҷистон баргузор мешавад. Соли гузашта дар он 7 кишвар иштирок карда буд.

XS
SM
MD
LG