Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон ва Ҷеенбеков хостанд, ҳамкориҳо беҳтар шавад


Мулоқот рӯзи 1-уми сентябр дар Бишкек сурат гирифт.
Мулоқот рӯзи 1-уми сентябр дар Бишкек сурат гирифт.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия зимни сафари дурӯза ба Қирғизистон, хостори ҳамкориҳои наздиктар бо ин кишвар шуд. Ӯ баъди мулоқот бо Соронбей Ҷеенбеков, раиси ҷумҳури Қирғизистон гуфт, иртиботи ҳавоӣ бояд байни ду кишвар бештар шавад ва Туркия омода аст, дар бозсозии фурудгоҳҳои Қирғизистон кӯмак кунад.

Эрдуғон гуфт, намехоҳад, ба масъалаи муносибатҳои сарди ду соли пеш баргардад. Соли 2016 баъди табаддуллоти нофарҷом дар Туркия, Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури собиқи Қирғизистон, амалкардҳои давлати Эрдуғонро танқид кард.

Ҳукумати Туркия табаддулотро кори дасти пайравони Фатҳулло Гулен, як рӯҳонии муқими Амрико номид ва баъди он ҳазорон нафар аз аз ҷумла кормандони давлатӣ, хабарнигорон ва омӯзгоронро ба зиндон андохт. Сооронбей Ҷеенбеков, баъди мулоқот гуфт, кишвараш омода аст, робитаҳои дутарафаро ба сатҳи баландтар бардорад.

XS
SM
MD
LG