Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Умед барои медали тилло мубориза мебарад, Комроншоҳ – биринҷӣ


Умед Ҳасанбеков
Умед Ҳасанбеков

Умед Ҳасанбеков, паҳлавони тоҷик, дар мусобиқаи самбо аз рӯи барномаи Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ, ки дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия ҷараён дорад, барои медали тилло ва гуштигири дигари тоҷик Комроншоҳи Устопириён барои медали биринҷӣ мубориза мебаранд.

То ба ҳол варзишгарони 37 кишвар барандагони медалҳои Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ гардида, аз он ҷумла намояндагони 29 кишвар нишонҳои тилло ба даст овардаанд.

Умед Ҳасанбекови 30-сола имрӯз, 1-уми сентябр, дар мусобиқаи самбо дар вазни зери 90 кило дар даври аввал бар Каизен Чуанги 23-сола аз Тайбэйи Чин бо ҳисоби 4:0 ғолиб омад. Ӯ дар чорякфинал бар Рио Акбар Баҳории 23-сола аз Индонезия бо ҳисоби 4:0 дастболо шуд.

Умед дар даври ниманиҳоӣ бар Айбол Айтбеки 25-сола аз Қазоқистон бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард ва ба финал баромад Рақиби ӯ дар даври ниҳоӣ Камолиддин Холматови 27-сола аз Узбекистон мебошад, ки дар қувваозмоии ниманиҳоӣ бар паҳлавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён пирӯзӣ ба даст овард.

Комроншоҳи 25-сола дар сабқати мардон дар вазни зери 90 кило нахуст бар Алибек Зекенови 29-сола аз Қазоқистон бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуд ва ба чорякфинал баромад Ӯ дар даври чорякниҳоӣ Нурбердихон Оразмамедови 24-соларо аз Туркманистон бо ҳисоби 3:1 мағлуб кард. Вале Комроншоҳ дар даври ниманиҳоӣ аз гуштигири Узбекистон Камолиддин Холмаматови 27-сола бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд.

Ҳамакнун Комроншоҳ барои медали биринҷӣ бо Руслан Эсгерови 22-солаи туркман талош меварзад

Ёдовар мешавем, Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи ҷудо аз рӯи барномаи Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ, ки 31-уми август дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия доир шуд, дар вазни зери 90 кило соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ, ки дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия рӯзи якшанбеи 2-юми сентябр ба анҷом мерасанд, алъон мунтахаби Тоҷикистон бо касби се медали нуқра ва ду медали биринҷӣ дар ҳисоби умумидастаӣ дар ҷойи 30-юм қарор дорад.

Ёдовар мешавем, се медали нуқраро ба мунтахаби Тоҷикистон Дилшод Назаров дар риштаи гурзандозӣ бо натиҷаи 74 метру 16 сантиметр, Беҳрӯзи Хоҷазода дар намуди гуштии кураш дар вазни зери 81 кило ва Шаҳриёр Даминов дар мусобиқаи инфиродии қаиқронӣ дар каноэ ба масофаи 1000 метр миёни мардон бо натиҷаи 4:05.950 овардаанд. Ду медали биринҷиро дар риштаи ҷудо Комроншоҳи Устопириён дар вазни зери 90 кило ва Шакармамад Мирмамадов дар вазни беш аз 100 кило соҳиб шуданд.

Дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ ҳоло дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Чин бо касби 270 медал (122 тилло, 86 нуқра ва 62 биринҷӣ) мақоми аввалро касб намудааст. Ҷопон бо касби 193 медал (70-50-73) дар мақоми дувум ва Кореяи Ҷанубӣ бо касби 163 медал (44-54-65) дар мақоми севум қарор доранд.

Умуман, то ҳоло варзишгарони 37 кишвар барандагони медалҳои Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ гардида, аз он ҷумла намояндагони 29 кишвар нишонҳои тилло ба даст овардаанд.

Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ варзишгарони Узбекистон бо касби 61 медал (15-21-25) дар ҷойи 7-ум, Қазоқистон бо касби 69 медал (13 тилло, 14 нуқра ва 42 биринҷӣ) дар ҷойи 9-ум, Қирғизистон бо касби 20 медал (2 тилло, 6 нуқра ва 12 биринҷӣ) дар ҷойи 22-юм, Тоҷикистон бо касби 5 медал (3 медали нуқра ва 2 медали биниҷӣ) дар ҷойи 30-юм ва Туркманистон бо касби 3 медал (1 медали нуқра ва 2 нишони биринҷӣ) дар ҷойи 32-юм қарор доранд.

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи осиёӣ сар аз соли 1994 барои бори ҳафтум ширкат доранд. Умуман, дар ин мусобиқоти бузургтарини қитъавӣ мунтахаби Тоҷикистон то ҳоло ҳамагӣ 26 медал (4 тилло, 6 нуқра ва 16 биринҷӣ) гирифтааст. Се медали тиллоро гурзандоз Дилшод Назаров ба даст овардааст. Як медали тилло ба муштзан Ҷаҳон Қурбонов марбут аст.

XS
SM
MD
LG