Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои XVIII осиёӣ: Шаҳриёр Даминов ба Тоҷикистон медали нуқра овард


Шаҳриёр Даминов.
Шаҳриёр Даминов.

Шаҳриёр Даминов, варзишгари тоҷик, дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ дар Индонезия дар мусобиқаи қаиқронӣ дар каноэи якнафарӣ ба масофаи 1000 метр миёни мардон соҳиби медали нуқра гардид. Ин севумин медали мунтахаби Тоҷикистон дар ин Бозиҳо мебошад.

Шаҳриёр Даминови 21-сола субҳи имрӯз, 30-юми август, дар сабқати қаиқронӣ бо каноэ ба масофаи 1000 метр бо натиҷаи 4:05.950 ҷойи дувумро касб намуд. Ҷойи аввал ва медали тилло бо натиҷаи 4:05.224 насиби Вадим Менков аз Узбекистон гардид. Медали биринҷӣ барои ҷойи севум ба Муҳаммад Набӣ Ризоӣ аз Эрон бо натиҷаи 4:06.434 супурда шуд.

Ёдовар мешавем, пеш аз ин дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ дар Индонезия қаҳрамони олимпӣ Дилшод Назаров дар гурзандозӣ бо натиҷаи 74 метру 16 сантиметр ва қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо Беҳрӯзи Хоҷазода дар мусобиқаи гуштии кураш дар вазни зери 81 кило медалҳои нуқра ба даст оварда буданд.

Дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ, ки дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия то рӯзи 2-юми сентябр идома меёбанд, ҳоло мунтахаби Чин бо касби 224 медал (106 тилло, 68 нуқра ва 50 биринҷӣ) мақоми аввалро касб намудааст. Ҷопон бо касби 163 медал (53-47-63) дар мақоми дувум ва Кореяи Ҷанубӣ бо касби 132 медал (37-43-52) дар мақоми севум қарор доранд.

Умуман, то ҳоло варзишгарони 37 кишвар барандагони медалҳои Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ гардида, аз он ҷумла намояндагони 29 кишвар нишонҳои тилло ба даст овардаанд.

Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ варзишгарони Узбекистон бо касби 49 медал (13-18-18) дар ҷойи 6-ум, Қазоқистон бо касби 54 медал (9 тилло, 11 нуқра ва 34 биринҷӣ) дар ҷойи 11-ум, Қирғизистон бо касби 18 медал (2 тилло, 6 нуқра ва 10 биринҷӣ) дар ҷойи 21-ум, Тоҷикистон бо касби се медали нуқра дар ҷойи 30-юм ва Туркманистон бо касби як медали нуқра ва ду нишони биринҷӣ дар ҷойи 32-юм қарор доранд.

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи осиёӣ сар аз соли 1994 барои бори ҳафтум ширкат доранд. Умуман, дар ин мусобиқоти бузургтарини қитъавӣ мунтахаби Тоҷикистон то ҳоло ҳамагӣ 24 медал (4 тилло, 6 нуқра ва 14 биринҷӣ) гирифтааст. Се медали тиллоро гурзандоз Дилшод Назаров ба даст овардааст. Як медали тилло ба муштзан Ҷаҳон Қурбонов марбут аст.

XS
SM
MD
LG