Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дилшод Назаров дар Бозиҳои осиёӣ ба Тоҷикистон аввалин медал овард


Дилшод Назаров
Дилшод Назаров

Дилшод Назаров, варзишгари маъруфи тоҷик, ки дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ дар Ҷакартаи Индонезия дар гурзандозӣ мақоми дувумро ишғол кард, ба мунтахаби Тоҷикистон аввалин медал овард.

Қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ Дилшод Назарови 36-сола дар мусобиқаи ниҳоии гурзандозӣ миёни мардон, ки шоми якшанбеи 26-уми август дар варзишгоҳи «Gelora Bung Karno Main Stadium»-и пойтахти Индонезия - шаҳри Ҷакарта – бо ширкати 12 варзишгар баргузор шуд, бо натиҷаи 74 метру 16 сантиметр ҷойи дувумро гирифт ва бо медали нуқраи Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ сарфароз гашт. Вале коршиносону мутахассисон ва ҳаводорони варзиш аз ӯ медали тиллоро чашмдор буданд.

Ҷойи аввал ва медали тиллои Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёиро Ашраф Ал-Cайфии 23-сола аз Қатар бо натиҷаи 76 метру 88 сантиметр соҳиб гашт.

Зодаи дигари Тоҷикистон - Сӯҳроб Хоҷаеви 25-сола, ки Узбекистонро намояндагӣ намуд, бо натиҷаи 74 метру 06 сантиметр ҷойи 3-юмро азони худ кард ва бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд. Зимнан, ин натиҷаи беҳтарини ӯ дар мавсими имсола мебошад.

Ба ҷуз Дилшод Назаров, ба дастаи Тоҷикистон шогирдаш Абдурауф Мӯсоеви 22-сола дохил буд. Ӯ бо натиҷаи 58 метру 95 сантиметр ҷойи пеш аз охирин - ёздаҳумро гирифт.

Дар сабқати гурзандозӣ миёни мардон 12 варзишгар иштирок дошт: дунафарӣ аз Қатар, Тоҷикистон ва Чин, якнафарӣ аз Индонезия, Кореяи Ҷанубӣ, Малайзия, Тайланд, Узбекистон ва Эрон.

Дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ мунтахаби Чин бо касби 174 медал (78 тилло, 59 нуқра ва 37 биринҷӣ) мақоми аввалро касб намудааст. Ҷопон бо касби 122 медал (40-34-48) дар мақоми дувум ва Кореяи Ҷанубӣ бо касби 94 медал (27-30-37) дар мақоми севум қарор доранд.

Ба даҳгонаи аввал, инчунин, Эрон (14-14-12), Индонезия (12-13-25), Кореяи Шимолӣ (11-5-7), Тайланд (9-9-31), Тайбейи Чин (8-11-14), Ҳиндустон (7-10-19) ва Узбекистон (6-11-11) дохиланд.

Умуман, то ҳоло варзишгарони 35 кишвар барандагони медалҳои Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ гардида, аз он ҷумла намояндагони 28 кишвар нишонҳои тилло ба даст овардаанд.

Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ варзишгарони Узбекистон бо касби 28 медал (6-11-11) дар ҷойи даҳум, Қазоқистон бо касби 41 медал (5 тилло, 8 нуқра ва 28 биринҷӣ) дар ҷойи ёздаҳум, Қирғизистон бо касби 16 медал (2 тилло, 5 нуқра ва 9 биринҷӣ) дар ҷойи ҳабдаҳум ва Туркманистон бо касби як медали нуқра ва ду нишони биринҷӣ дар ҷойи бисту нӯҳум қарор доранд. Тоҷикистон бо як медали нуқра дар ҷойи 32-юм аст.

Коршиносони соҳа дар ин Бозиҳо ба ҷуз Дилшод Назаров (гурзандозӣ), боз аз варзишгарони маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён (ҷудо ва самбо), Беҳрӯзи Хоҷазода (кураш ва ҷудо), Саидҷалол Саидов ва Набимуҳаммад Хоркашев (самбо) низ медалҳо чашмдоранд.

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи осиёӣ сар аз соли 1994 барои бори ҳафтум ширкат доранд. Умуман, дар ин мусобиқоти бузургтарини қитъавӣ мунтахаби Тоҷикистон то ҳоло ҳамагӣ 22 медал (4 тилло, 4 нуқра ва 14 биринҷӣ) гирифтааст. Се медали тиллоро гурзандози тоҷик Дилшод Назаров ба даст овардааст. Як медали тилло ба муштзани тоҷик Ҷаҳон Қурбонов марбут аст.

ДАСТОВАРДҲОИ БЕҲТАРИНИ ДИЛШОД НАЗАРОВ:

Дилшод Назарови 36-сола аз хушномтарин ситораҳои варзиши тоҷик ба шумор меравад ва шарафи Тоҷикистонро дар чор Олимпиадаи тобистона - соли 2004 дар Афина (Юнон, натиҷааш - 0), соли 2008 дар Пекин (Чин, натиҷааш – 76.54, ҷойи 11-ум), соли 2012 дар Лондон (Англия, натиҷааш – 73.80, ҷойи 9-ум ) ва соли 2016 дар Рио-де-Жанейро (Бразилия, натиҷааш - 78.68, ҷойи 1-ум) - ҳимоят кардааст.

Дар Олимпиадаи охирин ӯ бо натиҷаи 78 метру 68 сантиметр ба унвони қаҳрамони Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ мушарраф шуда, бо медали тилло сарфароз гаштааст.

Ӯ дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, ки соли 2015 дар пойтахти Чин – шаҳри Пекин – барпо гардид, бо натиҷаи 78 метру 55 сантиметр мақоми дувумро касб намуд ва бо медали нуқра мукофотонида шуд.

Дилшод Назаров дар панҷ Бозиҳои тобистонаи осиёӣ иштирок карда, се бор ғолиб шудааст: соли 2006 дар Доҳа (Қатар, натиҷааш - 74.43, ҷойи 1-ум), соли 2010 дар Гуанжоу (Чин, натиҷааш – 76.44, ҷойи 1-ум ), соли 2014 дар Инчон (Кореяи Ҷанубӣ, натиҷааш - 76.82, ҷойи 1-ум).

Ӯ, инчунин қаҳрамони чоркаратаи Осиё мебошад: соли 2009 дар Гуанжоу (Чин, натиҷааш - 76.92, ҷойи 1-ум), соли 2013 дар Пуна (Ҳиндустон, натиҷааш – 78.32, ҷойи 1-ум ), соли 2015 дар Вуҳан (Чин, натиҷааш - 77.68, ҷойи 1-ум) ва соли 2017 дар Бҳуданесвар (Ҳиндустон, натиҷааш - 76.69, ҷойи 1-ум).

Вай, ҳамчунин дар мусобиқоти ҷаҳонии гурзандозӣ бо номи “World Challenge” борҳо бо ҷоизаҳо сарфароз гардидааст. Ӯ моҳи июли имсол дар чунин мусобиқот дар шаҳри Браганса Паулистаи Бразилия бо натиҷаи 75 метру 18 сантиметр мақоми аввалро соҳиб гашт.

Рекорди инфиродии Дилшод Назаров дар гурзандозӣ 80 метру 71 сантиметр ва натиҷаи беҳтарини имсолааш 78 метру 18 сантиметр аст.

Дилшод Назаров аз моҳи январи соли 2014 муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон, инчунин, раиси Федератсияи варзиши сабуки кишвар мебошад.

XS
SM
MD
LG