Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои XVIII осиёӣ: Беҳрӯзи Хоҷазода барандаи медали нуқра шуд


Беҳрӯзи Хоҷазода, варзишгари маъруфи тоҷик, ки дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия дар мусобиқаи гуштии кураш дар вазни зери 81 кило ҷойи дувумро гирифт, соҳиби медали нуқра гардид. Ин дувумин медали мунтахаби Тоҷикистон дар ин Бозиҳо мебошад.

Қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо Беҳрӯзи Хоҷазодаи 23-сола дар мусобиқаи гуштии кураш дар вазни зери 81 кило, ки имрӯз, 29-уми август, дар пойтахти Индонезия - шаҳри Ҷакарта – баргузор шуд, дар қувваозмоии аввали худ бар Мӯсо Собиров аз Узбакистон ғолиб омад.

Сипас дар чорякфинал намояндаи Тайбэйи Чин Ҳуанг Чунтаро мағлуб кард. Беҳрӯз дар даври ниманиҳоӣ бар Тазтак Умеди эронӣ дастболо шуд. Паҳлавони тоҷик дар даври ниҳоӣ аз Алиакбари Илёси 30-солаи эронӣ мағлуб гашт. Ба ин тартиб, паҳлавони эронӣ медали тилло ва паҳлавони тоҷик медали нуқраро азони худ карданд.

Вале паҳлавони дигари тоҷик Акмал Муродов дар вазни зери 81 кило, ки дар даври аввал бар рақибонаш аз Ветнам ва Сурия дастболо шуд, дар чорякфинал аз Сарвар Шомуродови узбекистонӣ мағлуб гашт.

Рӯзҳои 30-31-уми август дар мусобиқаи ҷудо панҷ гуштигири тоҷик – Беҳрӯзи Хоҷазода (-73 кг), Акмал Муродов (-81 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг), Саидҷалол Саидов (-100 кг) ва Шакармамад Мирмамадов (+100 кг) - дар сабқати мардон ва як нафар – Шоҳида Қаландарова – дар вазни зери 57 кило миёни занон рақобат мекунанд.

Дар мусобиқаи самбо, ки рӯзҳои 31-уми август ва 1-уми сентябр дар шаҳри Ҷакарта доир мешавад, Тоҷикистонро чаҳор варзишгар дар ду вазн - Сомон Сангов ва Ҷомии Ҳасан (ҳарду дар вазни зери 52 кило), Комроншоҳи Устопириён ва Умед Ҳасанбеков (ҳарду дар вазни зери 90 кило) - дар рақобатҳо миёни мардон намояндагӣ мекунанд.

Дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ, ки дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия то рӯзи 2-юми сентябр идома меёбанд, то ҳоло мунтахаби Чин бо касби 214 медал (100 тилло, 65 нуқра ва 49 биринҷӣ) мақоми аввалро касб намудааст. Ҷопон бо касби 159 медал (50-47-62) дар мақоми дувум ва Кореяи Ҷанубӣ бо касби 128 медал (37-41-50) дар мақоми севум қарор доранд.

Ба даҳгонаи аввал, инчунин, Индонезия (30-22-36), Эрон (18-16-17), Тайбейи Чин (13-16-21), Кореяи Шимолӣ (12-8-9), Узбекистон (11-15-16), Ҳиндустон (9-20-23) ва Тайланд (9-13-35) дохиланд.

Умуман, то ҳоло варзишгарони 37 кишвар барандагони медалҳои Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ гардида, аз он ҷумла намояндагони 29 кишвар нишонҳои тилло ба даст овардаанд.

Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ варзишгарони Узбекистон бо касби 42 медал (11-15-16) дар ҷойи ҳаштум, Қазоқистон бо касби 50 медал (8 тилло, 9 нуқра ва 33 биринҷӣ) дар ҷойи дувоздаҳум, Қирғизистон бо касби 18 медал (2 тилло, 6 нуқра ва 10 биринҷӣ) дар ҷойи бисту якум, Тоҷикистон бо касби ду медали нуқра дар ҷойи 31-ум ва Туркманистон бо касби як медали нуқра ва ду нишони биринҷӣ дар ҷойи 32-юм қарор доранд.

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи осиёӣ сар аз соли 1994 барои бори ҳафтум ширкат доранд. Умуман, дар ин мусобиқоти бузургтарини қитъавӣ мунтахаби Тоҷикистон то ҳоло ҳамагӣ 23 медал (4 тилло, 5 нуқра ва 14 биринҷӣ) гирифтааст. Се медали тиллоро гурзандози тоҷик Дилшод Назаров ба даст овардааст. Як медали тилло ба муштзани тоҷик Ҷаҳон Қурбонов марбут аст.

XS
SM
MD
LG