Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои XVIII осиёӣ: Шакармамад ҳам соҳиби медали биринҷӣ гардид


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Шакармамад Мирмамадов, паҳлавони тоҷик, дар мусобиқаи ҷудо аз рӯи барномаи Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия медали биринҷӣ ба даст овард. Ин панҷумин медали варзишгарони тоҷик дар ин бозиҳост.

Шакармамад Мирмамадови 21-сола дар вазни беш аз 100 кило дар нахустин рақобати худ Санҷар Ҷабборовро аз Қазоқистон мағлуб кард. Вале дар чорякфинал аз Дууренбайар Улзибайар аз Муғулистон ноком шуд. Дар даври тасаллобахш ӯ Бекбулат Токтогонови қирғизро шикаст дод. Шакармамад барои медали биринҷӣ бар Такеши Оҷитани аз Ҷопон ғолиб шуд. Ҳамин тариқ, ӯ медали панҷумро ба мунтахаби Тоҷикистон овард.

Медали дигари биринҷиро дар вазни беш аз 100 кило Бекмурод Олтибоеви узбекистонӣ, ки бар Ҷавод Маҳҷуби эронӣ дастболо гардид, ба даст овард. Медали тиллоро Сугмин Ким аз Кореяи Ҷанубӣ соҳиб шуд. Ӯ дар финал Дууренбайар Улзибайари муғулро мағлуб кард.

Ёдовар мешавем, дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ дар мусобиқаи ҷудо миёни мардон имрӯз Комроншоҳи Устопириён низ медали биринҷӣ гирифт. Ӯ дар вазни зери 90 кило нахуст бар Шри Рам Макаҷу аз Непал пирӯз шуд ва ба чорякфинал баромад. Вай дар даври чорякниҳоӣ Насиф Елиасро аз Лубнон мағлуб кард. Вале дар даври ниманиҳоӣ аз гуштигири муғул Алтанбагана Гантулга шикаст хӯрд. Комроншоҳ барои медали биринҷӣ Ислом Бозбоеви қазоқро шикаст дод.

Дар вазни зери 90 кило, инчунин Машу Бакери ҷопонӣ бар Шаҳзодбек Собирови узбекистонӣ ғолиб шуда, медали биринҷӣ ба даст овард. Дар ин вазн барои медали тилло Донгҳан Гвак аз Кореяи Ҷанубӣ бар Алтанбагана Гантулга ғолиб шуд.

Имрӯз, 31-уми август, боз як паҳлавони шинохтаи тоҷик - Саидҷалол Саидов - дар риштаи ҷудо рақобат кард. Ӯ дар вазни зери 100 кило дар даври аввал бар Ҷад Фадел аз Лубнон ғолиб омад, вале дар чорякфинал аз Чо Гуҳам аз Кореяи Ҷанубӣ мағлуб гашт. Саидҷалол дар даври тасаллобахш дар мубориза барои медали биринҷӣ бар Виктор Демяненко (Қазоқистон) пирӯз шуд, вале баъдан аз Отгонбаатар Лхагвасурен аз Муғулистон шикаст хӯрд.

Медали дигари биринҷиро дар ин вазн Шералӣ Ҷӯраеви узбекистонӣ ба даст овард. Ӯ барои ҷойи севум бар Иван Ремаренко аз Имороти Муттаҳидаи Араб ғолиб омад. Дар ин вазн Кентаро Иида аз Ҷопон, ки бар Гуҳам Чо аз Кореяи Ҷанубӣ дастболо гардид, бо медали тилло мукофотонида шуд.

Ҳамчунин рӯзи ҷумъа дар мусобиқаи самбо, ки барои бори аввал ба баномаи Бозиҳои осиёӣ дохил шудааст, Тоҷикистонро ду варзишгар – Ҷомии Ҳасанӣ ва Сомон Сангов – намояндагӣ карданд.

Ҷомии Ҳасанӣ дар вазни зери 52 кило дар даври аввал бар Суҳайл Ҷамолободӣ аз Эрон дастболо шуд. Баъдан Ислом Аҳмадҷонови узбекистониро шикаст дод. Дар чорякфинал бар Имом Мавлоно Муттақини индонезиягӣ ғолиб омад. Вале дар даври ниманиҳоӣ аз Иброҳим Бағлон аз Қазоқистон мағлуб гашт. Ҷомӣ барои медали биринҷӣ қувваозмоиро ба Аҳмад Раҳматиллоеви узбекистонӣ бохт.

Паҳлавони 19-солаи тоҷик Сомон Сангов бошад, дар нахустин қувваозмоияш аз Беимбет Канжанови 27-сола аз Қазоқистон шикаст хӯрд.

Имрӯз, 31-уми август, ҳамчунин қаиқронҳои тоҷик Шаҳриёр ва Мустафо Даминовҳо дар сабқати мардон дар каноэи дунафарӣ ба масофаи 200 метр ва Абдусаттор Ғаффоров дар сабқати инфиродӣ дар байдарка ба масофаи 200 метр ширкат варзида, аз медалҳо бенасиб монданд.

Дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ, ки дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия рӯзи якшанбеи 2-юми сентябр ба анҷом мерасад, алъон мунтахаби Тоҷикистон бо касби се медали нуқра ва ду медали биринҷӣ дар ҳисоби умумидастаӣ дар ҷойи 30-юм қарор дорад.

Ёдовар мешавем, се медали нуқраро ба мунтахаби Тоҷикистон Дилшод Назаров дар риштаи гурзандозӣ бо натиҷаи 74 метру 16 сантиметр, Беҳрӯзи Хоҷазода дар намуди гуштии кураш дар вазни зери 81 кило ва Шаҳриёр Даминов дар мусобиқаи инфиродии қаиқронӣ дар каноэ ба масофаи 1000 метр миёни мардон бо натиҷаи 4:05.950 овардаанд.

Ду паҳлавони тоҷик – Комроншоҳи Устопириён ва Умед Ҳасанбеков – рӯзи 1-уми сентябр дар мусобиқаи самбо аз рӯи барномаи Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ, ки барои варзишгарони тоҷик охирин аст, вориди рақобат мешаванд. Комроншоҳи 25-сола ва Умеди 30-сола дар вазни зери 90 кило барои медалҳо мубориза мебаранд.

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи осиёӣ сар аз соли 1994 барои бори ҳафтум ширкат доранд. Умуман, дар ин мусобиқоти бузургтарини қитъавӣ мунтахаби Тоҷикистон то ҳоло ҳамагӣ 26 медал (4 тилло, 6 нуқра ва 16 биринҷӣ) гирифтааст. Се медали тиллоро гурзандоз Дилшод Назаров ба даст овардааст. Як медали тилло ба муштзан Ҷаҳон Қурбонов марбут аст.

XS
SM
MD
LG