Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озмуни карикатураи пайғамбар Муҳаммад дар Ҳолланд лағв шуд


Герт Вилдерс
Герт Вилдерс

Роҳбари Ҳизби озодии ростгароён, вакили порлумони Ҳолланд Герт Вилдерс озмуни карикатура ба пайғамбари ислом Муҳаммадро ба далели таҳдидҳо лағв кард.

"Ислом бори дигар чеҳраашро бо таҳдиди марг, фатво ва хушунат ошкор кард. Аммо амнияти ҳамватанони ман барои ман дар мақоми аввал қарор дорад", - навишт Вилдерс дар твиттер.

Эҳтимол меравад, ки озмун моҳи ноябр дар коргоҳи Ҳизби озодӣ баргузор шавад. Ғолиби озмун 10 ҳазор доллар мегардад. Мақомоти Ҳолланд ба далели риояи озодии баён озмунро манъ накарданд.

Нақшаи Вилдерс боис шуд, ки дар Покистон эътироз баргузор шавад. Эътирозгарон талаб карданд, ки озмун лағв ва ё сафари Ҳолланд аз Карочӣ берун карда шавад. Дар Гаага 28 август як зодаи Покистонро боздошт карданд, ки Вилдерсро тариқи Фейсбук таҳдид карда буд. Намояндагони вазорати корҳои хориҷии Ҳолланд аз сафари аз пеш тарҳрезишудаашон ба Покистон худдорӣ карданд.

Вилдерс мегӯяд, бино бар назарҳои зиддиисломиаш ӯро таҳдид мекунанд. Дар ҷараёни маъракаи интихоботии моҳи марти соли гузашта ӯ ваъда карда буд, ки агар сарвазир интихоб шавад, марзҳои кишварашро ба рӯи муҳоҷирони мусалмон мебандад, фурӯши Қуръонро манъ мекунад ва масҷидҳоро қулф мезанад. Тақрибан 5 дарсади сокинони Ҳолланд мусалмон ҳастанд.

XS
SM
MD
LG