Дар шаҳри Тошканди Узбекистон ҷамъомади "дуздони қонунӣ"-и кишварҳои пешини шӯравӣ баргузор шуд.
Ба иттилои як таҳлилгар аз Москва, ки хабарҳои олами ҷиноиро таҳқиқ мекунад, ҷамъомади "дуздони қонунӣ" 20 август сурат гирифт. "Баъди марги президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов бархе аз "дуздони қонунӣ" зиндонӣ шуданд ва бархи дигар дар ҳамдастӣ бо мақомот фаъолияташонро идома медиҳанд", - гуфт таҳлилгар.
Ба гуфтаи ӯ, ҷамъомади соҳибнуфузони олами ҷиноиро Бахтиёр Қудратулоев, шаҳрванди 46-солаи Узбекистон ташкил кардааст. Гуфта мешавад, ки дар ин ҷамъомад масъалаи "назорати олами ҷиноӣ ва зиндонҳои Узбекистон" дар миён буд.
"Давоми 20 соли охир Узбекистон аз олами ҷиноӣ ҷудо буд. Зиндонҳо аз ҷониби олами ҷиноӣ назорат намешуданд. Дар ҷамъомад гуфта шуд, ки анъанаи назорати зиндонҳо ва ҷамъоварии маблағ барои зиндониҳо эҳё шавад ва "дуздони қонунӣ" ин масъаларо бо олами ҷиноии Русия баррасӣ кунанд", - гуфт як манбаъ, ки дар ҷамъомад ширкат дошт.
Гуфта мешавад, дар ин ҷамъомад соҳибнуфузи олами ҷиноӣ Беслан Мусаев, маъруф ба "Беслан чечен", инчунин ду "дузди қонунӣ"-и дигар аз Русия ширкат доштаанд.