Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲСДҚ: "Отамбоев дар пайи табаддулоти давлатӣ нест"


Президенти феълӣ ва пешини Қирғизистон -Сооронбой Ҷеенбеков ва Алмосбек Отамбоев
Президенти феълӣ ва пешини Қирғизистон -Сооронбой Ҷеенбеков ва Алмосбек Отамбоев

Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон, раҳбараш президенти пешин Алмосбек Отамбоев, рӯзи 28 август бо нашри як изҳорот ҳукуматдорони кунунии ин кишварро танқид кард.

Ин ҳизб хабарҳоеро рад кард, ки гӯё президенти пешин Алмосбек Отамбоев дар пайи табаддулоти давлатӣ аст. Вале ба гуфтаи сухангӯи ҲСДҚ Кундуз Ҷолдубоев, Отамбоев қасди надорад ҳукуматро аз роҳи ғайриқонунӣ ғасб кунад.

"Ҳамаи ин хабарҳо, ҳатто сару садоҳое, ки гӯиё Отамбоев бетартибиҳои оммавӣ ва табаддулоти давлатиро сармогузорӣ мекунад, дурӯғанд. Аз номи расонаву саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ба осонӣ метавон тахмин зад, ки ин корҳо ба нафъи кӣ ҳастанд", - омадааст дар изҳороти ҳизби дар гузашта ҳоким.

ҲСДҚ ҳамчунин гуфт, ки мақомоти кунунии Қирғизистон сиёсати бидуни дурнаморо пеш гирифтаанд, мухолифони сиёсиро таъқиб мекунанд ва тағйироти шубҳаноки кадрӣ анҷом медиҳанд, ки руҳияи эътирозии мардумро афзоиш медиҳад.

"Ба ҷои паҳн кардани хабарҳои дурӯғу беасос бояд бо тақвияти ягонагии мардум ва рушди иқтисод машғул шуд", - омадааст дар изҳорот.

Дар дастгоҳи президент Сооронбой Ҷеенбеков гуфтанд, ки ба изҳороти ҲСДҚ посух нахоҳанд дод.

XS
SM
MD
LG