Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон "Дарси сулҳ"-ро дар Донишгоҳи тиббӣ мегузаронад


Имсол раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон "Дарси сулҳ"-ро дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон мегузаронад. Як манбаъ дар Вазорати маорифи Тоҷикистон рӯзи 29-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, "Дарси сулҳ" рӯзи шанбеи 1-уми сентябр баргузор мешавад. Қарор аст, Эмомалӣ Раҳмон дар маросими пардабардорӣ аз рӯи муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино низ иштирок намояд.

Масъулини Вазорати маориф ва илм мегӯянд, имсол ҳудуди 240 ҳазор нафар муҳасиллин бори аввал ба мактаб мераванд, ки нисбат ба соли гузашта панҷ ҳазор бештар будааст. Дар Вазорати маориф ва илм гуфтанд, дар маҷмӯъ, дар ҷумҳурӣ 3870 мактаб фаъолият мекунад, ки дар онҳо як миллиону 906 ҳазор хонанда таҳсил менамоянд.

XS
SM
MD
LG