Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кор бо маоши 80 доллар дар Оҷонсии зидди фасод? ВИДЕО


Бархе аз сокинони шаҳри Душанбе мегӯянд, ки бо 600-800 сомонӣ, муодили 80 доллари амрикоӣ, маош таъмини рӯзгор дар пойтахти кишвар тақрибан номумукин аст. Маҳз ҳамин қадар маошро Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон барои довталабони кор дар ин ниҳод пешниҳод кардааст. Ба гуфтаи сокинони Душанбе, маблағи мазкур танҳо барои харҷи нақлиёт ва хӯроки нисфирӯзӣ мерасад.

  • "Барои зиндагӣ дар пойтахт ҳадди ақал якуним ҳазор сомонӣ зарур аст"
  • "Албатта, ин миқдор маош намерасад. Дар Тоҷикистон чунин маош хеле кам аст", - гуфтанд ҳамсуҳбатони мо дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Агентии мубориза бо фасод бо маоши 80 доллар коргар меҷӯяд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:21 0:00

Оҷонсӣ дар бораи онки то ба ҳол чӣ қадар довталабон барои ишғоли 15 вазифаи холӣ ҳуҷҷат супоридаанд, маълумот намедиҳад. Шартҳои қабул ба кор, ки дар сомонаи Оҷонсӣ нашр шудааст, хеле баланд аст: Маълумоти олии иқтисодӣ ваё ҳуқуқшиносӣ, ду сол таҷрибаи кор дар ниҳодҳои давлатӣ ё се сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

“Донистани Конститутсия, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дохилӣ ва байналмилалӣ, ки масъалаҳои мубориза бо коррупсияро ба танзим медароранд, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад”, - гуфта шудааст дар эълони Оҷонсӣ.

Коршиносон мегӯянд, маоши паст дар ниҳоде ба мисли Оҷонси зиддифасод барои сӯиистифода аз мансаб боис мешавад. ​Лола Олимова, таҳлилгари тоҷик, гуфт, “вақте ту маоши кам, вале нуфузи бузург дорӣ, хоҳ-нохоҳ дар шароиту низоме, ки мо зиндагӣ дорем, мардум худашон пешниҳод мекунанд ва ту ҳам мегирӣ.”

Соҳибназарон бар инанд, ки шароити ногувори кор яке аз василаҳои назорати коргарон дар ниҳодҳои қудратии кишвар аст.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон гуфт, “онҳо хуб мефаҳманд, ки ин маош кам аст. Онҳо коргаронро ба фасодкорӣ тела медиҳанд, то ки зимомашонро дар даст дошта бошанд. Дар лаҳзаи дилхоҳ онҳоро забонкӯтоҳ мекунанд, ки бо чунин маоши кам зиндагӣ кардан ғайриимкон аст ва Шумо бо аъмоли ғайриқонунӣ машғул будед.”

Соли гузашта дар Тоҷикистон барои гирифтани “пора” ва тақаллуби ҳуҷҷатҳо 16 корманди Оҷонси зиддифасод боздошт шудаанд. Аммо тибқи маъмул дар ин ниҳод гуфтанд, ки афроди мазкурро ҳанӯз қабл аз гирифтани “пора” аз кор озод карда буданд.

XS
SM
MD
LG