Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муфтии собиқ: "Ба коррупсионерҳо ҳукми қатл диҳед"


Чубак Ҷалилов

Муфтии собиқи Қирғизистон пешниҳод кард, ки афроди муттаҳам ба фасоди молӣ ё коррупсия дар он кишвар қатл шуда, намози ҷанозаашон хонда нашавад. Изҳороти Чубак Ҷалилов охири моҳи майи имсол, ҳангоми суҳбат бо як расонаи маҳаллӣ, садо дод ва тарафдорону мухолифони пешниҳодро ба ду сангар ҷудо кард.

Хоҳанд гуфт, ки на, набояд чунин шавад, ин ваҳшигарӣ аст. Чӣ, дуздӣ магар аз рӯи фарҳанг аст?

Чубак Ҷалилов гуфт, "ҳамеша дӯст дорем, муқоиса кунем, ки дар Русия чунин асту дар Аврупо чунон аст. Чаро аз Чин намегӯем? Ман аз қоннуҳои Чин ҳимоят мекунам. Дар онҷо таҷруба аст, ки афроди муттаҳам дар фасод қатл карда мешаванд. Бояд мо ҳам чунин кунем."

Ин руҳонии шинохта, инчунин, пешниҳод кард, ки намози ҷанозаи ришватхорон хонда нашавад. Ва изофа намуд, дар ин бора ба зудӣ ба Шӯрои уламои Қирғизистон муроҷиат мекунад. "Мухолифони ин пешниҳод доду вой хоҳанд кард. Чун дуздҳо ҳамдастони худро доранд. Хоҳанд гуфт, ки на, набояд чунин шавад, ин ваҳшигарӣ аст. Чӣ, дуздӣ магар аз рӯи фарҳанг аст?" – сул гузошт ӯ.

Видеои суҳбати Чубак Ҷалилов охири моҳи майи имсол нашр шуд. Ҳазорҳо нафар онро тамошо карда, садҳо тан дар зери он нуқтаи назари худро навиштаанд.

Ин нахустин изҳороти баҳсбарангези Чубак Ҷалилов нест. Вай дар гузашта гуфта буд, ки мардҳо бо пайравӣ аз ӯ дузанӣ бигиранд.

Қодир Маликов
Қодир Маликов

Диншинос Қодир Маликов аз пешниҳоди сахттар кардани ҷазо барои афроди муттаҳам ба фасоди молӣ дастгирӣ кард. "Ман на ҳамчун диншинос, балки ҳамчун як шаҳрванд аз ҷорӣ кардани ҳукмҳои сангин нисбат ба ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла куштору педофилия ва порагирӣ дар ҳаҷми калон ҳимоят мекунам. Барои онки дар ин шакл коррупсия аллакай ба амният ва дар маҷмӯъ ба тамомияти кишвари мо хатар дорад", - афзуд ӯ.

Қодиров бо таваҷҷуҳ ба онки Қирғизистон кишвари демократист ва қонунҳои шариат дар онҷо маъмул нест, гуфт, "ҳамчун як шаҳрванд мегӯям, бояд ҷазоро шиддат бахшем. Бигзор ин муддати тӯлонии зиндон бошад, ё мусодираи молу амвол."

Динара Ошурхонова
Динара Ошурхонова

Аммо Динара Ошурхонова, фаъоли ҷомеаи маданӣ, изҳороти Чубак Ҷалиловро бемасъулиятӣ номид. Вай гуфт, “ҷомеа ва давлат ба одамон ҳаёт намебахшанд ва ҳақ надоранд, ки онро биситонанд". Ошурхонова бо ишора ба инки баъзеҳо бо ангезаи сиёсӣ паси панҷара рафтаанд ва ҳар лаҳза метавонад аз ҳукми қатл суистифода шавад, гуфт, "ҳамаи инро дида, чунин изҳорот додан бемасъулиятист".

Дар Қирғизистон сари чанд вақт дар масъалаи ҷорӣ кардани ҳукми қатл пешниҳодҳо сурат мегирад. Яке аз чунин пешниҳод соли гузашта, қабл аз интихоботи президентии Қирғизистон, аз забони узви порлумон Бакит Торобаев садо дод. Ӯ пешниҳод карда буд, ки афроди муттаҳам ба педофилия қатл карда шаванд.

Кенҷебек Бокоев
Кенҷебек Бокоев

Кенҷебек Бокоев, узви дигари порлумони Қирғизистон мегӯяд, ҳукми қатл низ роҳи ҳал нест. Ӯ гуфт, агар ин иқдом кумак мекард, ҳоло дар Чин аз коррупсия ному нишон набуд: "Онҳо ҳам дасти дуздҳоро мебуранд ва ҳам коррусиянерҳоро мепарронанд. Аммо ришватхорӣ кам нашудааст."

Қирғизистон соли 1998 ба ҳукми қатл мораторий эълон кард. Соли 2005 ба ҷои он ҳукми абад ҷорӣ намуд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG