Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тандурустӣ, заминсозӣ ва маориф -- се ниҳоди фасодзада дар Тоҷикистон


Соҳаи тандурустӣ, заминсозӣ ва маориф аз се ниҳоди фасодзадаи Тоҷикистон будаанд. Масъулини Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупся мегӯянд, дар соли равон дар миёни ниҳодҳои давлатӣ аз ҳама бештар дар ин сохторҳо фасодкорӣ ошкор шудаасӣ.

Дар ин бора Сулаймон Султонзода, директори Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия рӯзи 1-уми август дар як нишасти хабарӣ иттилоъ дод. Ӯ гуфт, дар нимсолаи аввали соли равон, дар вазорати тандурустӣ ва зерсохторҳои он 66 ҷиноят ошкор шудааст. Ҳамин тавр ба қавли ҷаноби Султонзода, дар сохторҳои Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ 64 ҷиноят ва дар сохторҳои Вазорати маориф 63 ҷинояти корупсионӣ ошкор шудааст.

Директори Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия гуфт, дар ниҳодҳои давлатӣ ҷиноятҳои корупсионӣ афзоиш ёфтааст. Ба гуфтаи ӯ, агар дар нимсолаи аввали соли равон дар ниҳодҳои давлатӣ 144 ҷиноят ошкор шуда буд, пас дар соли равон ин рақам ба 158 расидааст.

Видеоҳои охирин

Ахбори Озодӣ аз 17-уми августи соли 2018
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:15:00 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG