Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Bloomberg: Олмону Фаронса худро аз таҳримҳои ИМА ҳифз мекунанд


Вазири иқтисоди Фаронса Бруно Ле Мэр (аз чап)
Вазири иқтисоди Фаронса Бруно Ле Мэр (аз чап)

Олмон ва Фаронса барои эмин мондан аз таҳримҳое, ки Амрико ба таври якҷониба алайҳи кишварҳои мисли Эрон ҷорӣ мекунад, чораҳои ҳифозати меандешанд. Дар ин бора Bloomberg рӯзи 27 август аз қавли вазири иқтисоди Фаронса Бруно Ле Мэр хабар дод.

Ба гуфтаи ин мақомдор, Берлин ва Фаронса "абзори мустақили молӣ" -и дуҷониба ё умумиаврупоиро таъсис медиҳанд. Нақши аслӣ дар ин таҳр бар дӯши бонкҳои марказии кишварҳои аврупоӣ хоҳад буд. Вазири иқтисоди Фаронса гуфт, ки каналҳои мавҷудаи молӣ, аз ҷумла Бонки Аврупоии сармоягузорӣ аз таъсири ИМА эмин нестанд.

Вазири корҳои хориҷии Олмон Ҳайко Маас дар навбати худ ба "таҳким"-и тиҷорати мустақили Иттиҳоди Аврпуо даъват кард. Ӯ гуфт, ки Иттиҳоди Аврупо сохтори навъи SWIFT- ро замонавӣ мекунад то мустақилияти пардохтҳо аз Амрикоро таъмин намояд. Вазир ҳамчунин гуфт, таҳримҳое, ки ИМА бидуни ҳамоҳангӣ бо Иттиҳоди Аврупо алайҳи Чин, Русия ва Туркия ҷорӣ кард, ба бизнеси Аврпуо зарар меоранд.

Ихтилофи назари Иттиҳоди Аврупо бо ИМА дар ҳоле сар зад, ки Вашингтон аз созиши ҳастаии қудратҳои ҷаҳонӣ бо Эрон хориҷ шуд. Таҳримҳои густардаи Амрико бар зидди Эрон содироти нафтро аз ин ин кишвар манъ мекунад.

Ширкатҳои аврупоӣ, бо шумули Daimler AG ва Total SA аз тарси таҳримҳои Вашингтон бизнеси худро аз Эрон берун карданд.

XS
SM
MD
LG