Пулиси Ийолоти Муттаҳида ангезаҳои тирандозии шаби гузашта дар шаҳри Ҷексонвили аёлати Флоридаро муайян мекунад, ки дар натиҷаи он се нафар кушта шуд ва беш 10 нафар захм бардошт. Дар ин бора хабаргузории Reuters рӯзи 27 август гузориш дод.
Биноба маълумоти пешакӣ тирандоз Девид Катс, сокини 24 солаи Балтимор буд. Ӯ дар мусобиқоти виртуалии футболи амрикоӣ иштирок мекард ва аз мағлуб шуданаш дар сабқат ба хашм омад.
Ба гуфтаи як шоҳид ҷинояткор баъди бой доданаш дар бозӣ ба сӯи рақибонаш тир кушод ва сипас худашро кушт. Ҳодиса дар маркази тафреҳии Jackson Landing ба вуқуъ пайваст.
Рӯзи якшанбе ходимони пулис дар хонаи Девид Катс ва мошини ӯ, ки дар назди маркази тафреҳи буд, кофтукоб анҷом доданд. Ҳоло маълум нест, ҷинояткор бо қурбониҳояш қаблан ошно буд ё не.
Як нафар аз иштирокдорони сабқат, ки дар вақти тиандозӣ дар ҳоҷатхона пинҳон шуд, мегӯяд, ки на камтар аз 20 садои тирро шунид.
Ширкати Electronic Arts, ки бозиҳои қаҳрамониро ташкил карда буд ба хонаводаҳои қурбониён изҳори тасаллият кард ва ҳодисаро "иқдоми бемаънии хушунатбор" номид.