Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазияи Скрипал Маскавро аз кӯмакҳои молӣ маҳрум кард


Акси тасвирӣ
Акси тасвирӣ

Таҳримҳои ИМА алайҳи Маскав дар дар заминаи заҳролудшавии корманди пешини Идораи истихбороти Русия Сергей Скрипал ва духтари ӯ Юлия, дар шаҳри Солсберии Британия, рӯзи 27 август ҳукми иҷро гирифт. Чораҳои ҷаримавӣ дар реестри федеролии Амрико нашр шуд. Дар Вашингтон мегӯянд, ки Русия бо истифодаи гази "Новичок" дар ҳамла ба Скрипал, қонуни байналмилалиро нақз кард.

Бинобар ин санад, ҳамагуна кӯмаки хориҷӣ ба Русия, ба истиснои кӯмаки оҷили башардӯстона, қатъ мешавад. Воридоти маводи кишоварзӣ ба Русия, ҳамчунин кӯмаки молӣ - додани ҳамагуна қарз, бо шумули қарзҳои кафолатӣ мамнуъ аст. Ба ғайр аз ин, таҳримҳо фурӯши силоҳ ва ҳамагуна масолеҳи низомиро пешбинӣ мекунанд. Таҳримҳо танҳо ҳамкориҳои соҳаи кайҳонро истисно медонанд.

Агар Маска моҳҳои наздик кафолати истифода нашудаи силоҳи кимиёвӣ ва биоложиро пешниҳод накунад, Вашингтон пакети нави таҳримҳоро ба кор медорарад, ки аз ҷумла парвози ҳавопаймоҳои ширкати "Аэрофлот" ба Амрикоро мамнуъ мекунад.

Корманди пеши Идораи истихброти Русия Сергей Скрипал ва духтари ӯ Юлия, аввали моҳи марти соли ҷорӣ дар яке аз паркҳои Солсбери дар ҳоли беҳушӣ пайдо шуданд. Британия меӯяд, ки Русия онҳоро бо гази фалаҷкунандаи асаб - "Новичок" заҳролдуд кард. Маскав иттиҳомро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG