Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп ба маросими дафни Ҷон Маккейн даъват нашуд


Ҷон Маккейн
Ҷон Маккейн

Бнобар васияти Маккейн, президентҳои пешини ИМА Ҷорҷ Буши хурдӣ ва Барак Обамаро ба маросими дафни ӯ даъват хоҳанд шуд. Онҳо дар интихоботҳои президентии ИМА бо ҳам рақиб буданд.

Маккейн ба хонаводааш васият кард, ки президенти феълии ИМА Доналд Трампро ба маросими дафнаш даъват накунанд. Ӯ яке аз мухолифони ашадии Трамп буд ва президенти феълиро "ҳардамхаёли гулзан" эълон карда буд.Ӯ Трампро барои сиёсатҳояш дар Сурия, Чин ва Русия сахт танқид мекард.

Трамп Маккейнро "бесалоҳият" мехонд ва дар маъракаҳои интихоботӣ сенаторро дар мазҳари ом масхара карда буд. Ӯ қаҳрамонии Маккейнро борҳо зери суол бурд ва гуфт асир афтодан дар ҷанги Ветнам набояд қаҳрамони эътироф шавад. Трамп баъд аз даргузашти сенатор дар Твиттер ба наздикону пайвандони ӯ ҳамдардӣ баён кард.

Маккейн рӯзи шанбе дар синни 81-солагӣ - як рӯз баъд аз он даргузашт, ки хонаводааш гуфтанд, сенатор аз идомаи табобати саратони мағзи сар даст кашид. Бемориии Маккейн соли 2017 ташхис шуд. Хонаводаи Маккейн ба ҳамаи онҳое, ки тайи ин як сол сенаторро дастгирӣ карданд, изҳори сипос намуд.

XS
SM
MD
LG