Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амир Ҳотамӣ, вазири дифои Эрон ба Димишқ рафтааст


Амир Ҳотамӣ
Амир Ҳотамӣ

Вазири дифои Эрон бо сафари дурӯза ба Сурия рафтааст. Расонаҳои Эрон навиштанд, ки тавсеи ҳамкорӣ ҳадафи ин боздид мебошад.

Амир Ҳотамӣ рӯзи 26-уми август ҳангоми расидан ба Димишқ гуфт, орзуманди иштироки фаъол дар бозсозии Сурия ҳастанд.

Эрону Русия дар ҷанги дохилии ҳафтсолаи Сурия, ки дар он садҳо ҳазор нафар кушта ва миллионҳо тан дарбадар шуданд, аз режими Башор Асад дифоъ кардаанд.

Хабаргузории “Тасним” гузориш дод, ки дар мулоқоти вазири дифои Эрон ва мақомоти аршади низомӣ ва сиёсии Сурия, қарор аст, иқдомоти муштарак алайҳи терроризм ва роҳҳои тақвияти ҳамкории ҳарбӣ миёни Теҳрону Димишқ мавриди баҳс қарор гирад.

Ин боздиди вазири дифои Эрон аз Сурия дар ҳоле сурат мегирад, ки вазъияти ҷанги дохилии Сурия ба нафъи Башор Асад тағйир хӯрда ва шӯришиён дар бахшҳои мухталифи ин кишвар аз байн бурда шудаанд.

Нирӯҳои тарафдори режими Башор Асад акнун барои пас гирифтани вилояти Идлиб, охирин пойгоҳи умдаи шӯришиён омодагӣ мегиранд.

XS
SM
MD
LG