Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, гуфтааст, ки қатли оми арманиҳо дар даврони туркҳои усмонӣ “ҷинояти ҳавлнок” буд ва набояд фаромӯш шавад. Меркел рӯзи 24-уми август аз Гурҷистону Арманистон дидан кард.
Садри аъзами Олмон рӯзи ҷумъа аз як биное зиёрат кард, ки ба ёдбуди арманиҳои қатлшуда дар даврони туркҳои усмонӣ сохта шудааст. Мардуми Арманистон ин маҳалро бо номи “манори қатли ом” ёд мекунанд.
Ангела Меркел дар пойи ин бинои ёдгорӣ гул гузошт.
Мардуми Арманистон мегӯянд, дар замони ҷанги якуми ҷаҳонӣ ва охирин рӯзҳои ҳукумати туркҳои усмонӣ якуним миллион нафар аз арманиҳо кушта шуданд. Бисёре аз кишварҳо аз ин иддаои арманиҳо ҳимоят мекунанд.
Барои истиқбол аз Ангела Меркел рӯзи гузашта нахуствазири нави Арманистон Никол Пашинян ба фурудгоҳ рафта буд.